Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку додгоҳи Хадича Исмоилова давом дорад


Имрӯз дар зинаи шикоятии додгоҳи шаҳри Бокуи Озарбойҷон ҷаласаи навбатии парвандаи рӯзноманигори муҳаққиқ, корманди бахши озарии радиои Озодӣ Хадича Исмоилова баргузор мешавад. Ҷаласаи додгоҳӣ таҳти раисии судя Илгар Мурғузов мегузарад, хабар медиҳад бахши озарии радиои Озодӣ.

Исмоилова, ки ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул буд, 1 сентябри имсол ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Бисёре аз озариҳо бар ин боваранд, ки Хадичаро маҳз барои фошкориҳои фаъолиятҳои фасодолуди мансабдорони олии Озарбойҷон маҳкум кардаанд.

Вакили дифои Хадича аз зинаи шикоятии додгоҳ хостааст, парвандаи ҷиноятӣ пӯшида ва рӯзноманигор аз зиндон раҳо карда шавад. Хадича Исмоилова ҳамаи иттиҳомотро рад мекунад ва изҳор медорад, ки ҳабси вай бо фаъолият рӯзноманигориаш рабт дорад.

Созмони байналмилалии Amnesty İnternational Хадичаро “маҳбуси сиёсӣ” унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG