Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои марзӣ дар Душанбе


Рӯзҳои 24 ва 25 ноябр дар Душанбе конфронси “Мудирияти муштараки марзӣ барои пешбурдӣ ҳамкориҳои минтақавӣ” ва давраи омӯзишӣ барои баррасии масоили ҳамкории минтақавӣ, рушди зарфиятҳо, тиҷорат ва сармоягузорӣ барпо хоҳад шуд.

Ин чорабинӣ бо пуштибонии Барномаи рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо оид ба мудирияти қисмати шимолии сарҳади Афғонистон бо иштироки хадамоти марзбонии Афғонистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ амалӣ мешавад.

Тарҳи мазкур бахши ҷудонашавандаи Барномаи ҳамкории минтақавиест, ки бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Афғонистон роҳандозӣ мешавад ва барномаҳои дигареро, ки дар Тоҷикистону Афғонистон иҷро мешаванд, тақвият мебахшад.

XS
SM
MD
LG