Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин ба Теҳрон меравад


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 23 ноябр, ба хотири ширкат дар нишасти сарони кишварҳои содиркунандаи газ вориди Теҳрон шуд.

Ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳур дар умури сиёсати беруна Юрий Ушаков, қарор аст, ки Путин бо роҳбарони Эрон, аз ҷумла, раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ва раҳбари аъзам Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ дидору гуфтугӯ кунад. Дар меҳвари ин сӯҳбатҳо авзоъ дар Сурия хоҳад буд. Теҳрон ва Маскав аз пуштибонҳои асосии режими Башор Асад маҳсуб мешаванд.

Владимир Путин бори дуввум ба Теҳрон меравад – бори аввал ӯ соли 2007 дар ин шаҳр дар нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар ширкат дошт.

Дар нишасти Теҳрон, ки баъд аз имзои созиши ҳастаӣ бо Эрон ва интизориҳои ин кишвар аз лағви таҳримҳои байнулмилалӣ, баргузор мешавад, ҳайатҳои 12 давлат ҳузур хоҳанд дошт. Ёдовар мешавем, Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба созиш расиданд, ки Теҳрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

Ҳамид Ризо Арақӣ, раиси иҷроияи ширками милли нафти Эрон изҳори умедворӣ кардааст, ки чаҳор сол баъд аз лағви таҳримҳо содироти солонаи гази Эрон ба тақрибан нисфи содироти гази Русия ба Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2014 баробар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG