Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза боз Тоҷикистонро такон дод


Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки шаби гузашта заминларзаи 2-3 дараҷаи Рихтер қаламрави кишварро ларзонд. Ба иттилои ин манбаъ, маркази асосии зилзила дар 327-километрии ҷанубушарқи Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон буда, 5 дараҷаро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки Созмони зилзилашиносии Амрико иқтидори заминларзаи соати 11:17-дақиқаи шаби 22 ба 23 ноябрро 5.9 дараҷаи Рихтер гуфтааст.

Ин заминларза тақрибан як моҳ баъд аз заминларзаи шадид (26 октябр) дар Тоҷикистон рух дод, ки ҳарчанд бе талафоти ҷонӣ гузашт, аммо хисороти зиёде аз худ боқӣ гузошт. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, дар пайи ин заминларза дар ноҳияҳои Ишкошим ва Роштқалъа, ки ба маркази зилзила, яъне Афғонистон, наздикӣ доштанд, чанд хона хароб шуда ва дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтаанд. Дар худи Афғонистону Покистон аз ин заминларза тақрибан 300 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG