Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мард дар Беларус ба қатл маҳкум шуд


Додгоҳи Беларус як марди 28-соларо бо ҷурми куштору ғоратгарӣ ба қатл маҳкум кард. Ин дувуми ҳукми қатл аст, ки додгоҳҳои Беларус имсол содир карданд. Беларус танҳо кишвари Аврупост, ки то ҳол аз ҳукми қатл даст накашидааст. Додгоҳи шаҳри Ҳродно дар ғарби Беларус рӯзи 20 ноябр Иван Кулишро дар қатли се зани тоҷир дар ду ҳамлаи ғоратгарона дар солҳои 2013 ва 2014 муҷрим шинохт. Худи Кулиш дар мурофиа ҳарф назад ва пиромуни ҳукмаш низ чизе нагуфт. Дар моҳи март додгоҳи Ҳомел як мардро бо ҷурми куштани як зани ҷавон ба қатл маҳкум карда буд. Бино ба ҳисоби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, дар ин кишвари пасошӯравӣ аз ибтидои солҳои 90 ба ин тараф беш аз 400 нафар ба қатл маҳкум шудаанд. Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 20 ноябр аз Беларус хост, то ба ҳайси “қадами аввал ба сӯи лағви ҳукми эъдом” ба мораториуми ҷаҳонии ҳукми қатл бипайвандад.

XS
SM
MD
LG