Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара: Русия ба деҳаҳои туркманӣ зарба мезанад


Туркия мегӯяд, ки ба сафири Русия дар кишвар Андрей Карлов бино ба бобмборони рустоҳои туркманӣ дар шимоли Сурия нотаи эътирозӣ супурд. Дар ин бора нахуствазир Аҳмад Довудоғлу дар сӯҳбат бо хабарнигорон рӯзи 20 ноябр хабар дод.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Туркия гуфта шудааст, ки бомборони рустоҳои аққалиятҳои туркман дар Сурия метавонад паёмадҳои ҷиддӣ дошта бошад. Анкара аз Маскав талаб кардааст, ки фавран бомборонро қатъ кунад.

Мақомоти Туркия ин ҳушдору талаби худро ба намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Ховари Миёна Михаил Богданов ҳам ироа карданд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 17 ноябр, баъд аз тайид шудани суқути ҳавопаймои русӣ дар Миср бар асари таркиши бомб амр кард, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” афзоиш дода шаванд.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников рӯзи 17 ноябр бо такя ба натиҷаҳои тафтишот ба Владимир Путин гуфт, ки дар Airbus маводи таркандаи баробар ба як кило тротил мунфаҷир шудааст.

Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG