Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Конибодом боиси марги се нафар шуд


Бар асари садамаи автомобилӣ дар шаҳри Конибодом се нафар - ронанда ва ду мусофир ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ронандаи 36-солаи машини тамғаи "Мерседес-Бенз" рӯзи 19 ноябр ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом аз роҳ хориҷ шуда, ба канали умқаш 5-метрӣ сарозер шудааст.

Дар натиҷа, ронанда ва мусофиронаш - марди 37-сола ва зани 34-сола, сокинони шаҳри Конибодом, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG