Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳиягарони пулҳои тақаллубӣ зиндонӣ шуданд


Додгоҳи шаҳри Алмаато як шаҳрванди Қазоқистон ва ду шаҳрванди Ӯзбакистонро ба иттиҳоми таҳияи пулҳои миллии тақаллубӣ ба муддати 5 сол равонаи зиндон кардааст.

Торнамои расмии Tengrinews.kz аз қавли Давлат Оқилбеков, раиси Идораи даромадҳои давлатии вилояти Алмаато дар ин бора хабар хабар додааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, молу мулки муҷримон мусодира шуда, онҳо муддати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ин афрод ба чопи тангаи (пули миллии Қазоқистон) қалбакӣ машғул буда, дар тобистони соли ҷорӣ бо 450 ҳазор тангаи қалбакӣ боздошт шуда буданд.

XS
SM
MD
LG