Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин аз Русия 24 ҳавопаймои СУ-35 мехарад


Русия ва Чин дар мавриди хариду фурӯши 24 ҳавопаймоии ҷангии Су-35 ба созиш расиданд. .Сергей Чемезов, раиси кулли ширкати давлатии “Ростех” рӯзи 19 ноябр дар бораи имзо шудани тавофуқнома хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Чин нахустин кишвари хориҷист, ки яке аз муосиртарин ҳавопаймоҳои низомии русиро харидорӣ мекунанд.

Пекин барои 24 ҳавопаймои ҷангӣ беш аз 2 миллиард доллар пардохт хоҳад кард.

Соли гузашта Русия баъд аз ИМА дуввумин кишвари бузурги содиркунандаи силоҳ дар ҷаҳон буд. Анатолий Исякин, раиси кулли муассисаи давлатии “Рособоронэкспорт”, моҳи гузашта хабар дод, ки Русия тайи понздаҳ соли ахир ба 116 кишвари олам ба маблағи 115 миллиард доллар силоҳ фурӯхтааст.

XS
SM
MD
LG