Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 17 гумонбари суқути Airbus дар Миср


Дар Миср бо гумони даст доштан дар суқути ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа”-и Русия 17 нафар, аз ҷумла, ду корманди фурудгоҳи шаҳри Шарм-ул-Шайх боздошт шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 17 ноябр бо такя ба як манбаъ дар хадамоти амниятии Миср иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ин манбаъ, боздоштшудаҳо дар он айбдор мешаванд, ки ба террористҳо барои ҷойгузории бомб дар ҳавопаймо кӯмак кардаанд.

Дар Кремл гуфтанд, ки ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи мақомоти расмии Миср тайид нашудааст.

Аз ин пеш раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин рӯзи 17 ноябр бо такя ба натиҷаҳои тафтишот хабар дод, ки Airbus A-321бар асари ҳамлаи террористӣ суқут кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавопаймо маводи таркандаи баробар ба я кило тротил мунфаҷир шудааст. Дар пораҳои Airbus A-321 нишонаҳое аз маводи таркандаи хориҷӣ ошкор гардид, афзуд Александр Бортников.

Владимир Путин ваъда дод, ки афроди дар ин фоҷиа дастдоштаро пайдо ва муҷозот мекунад. Ӯ афзуд, ки зарбаҳо ба мавқеъҳои гурӯҳҳои тетрористӣ дар Сурия афзоиш хоҳанд ёфт.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карда буданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд.

Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар ӯҳда гирифт ва эълом дошт, ки ин ҳамла интиқом барои амалиёти низомии Русия дар Сурия аст.

XS
SM
MD
LG