Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размандагони курд Синҷарро гирифтанд


Размандагони пешмаргаи курд бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии Амрико бо пешравӣ ба маркази шаҳри Синҷар дар шимоли Ироқ ин шаҳрро тақрибан аз ҳузури ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ пок кардаанд. Размандагони курд баъди вуруд ба маркази шаҳр рӯзи 13-уми ноябр ба муқовимати каме рӯ бар рӯ ба рӯ шуданд ва дар онҷо парчами худро барафрохтанд ва пирӯзиашонро бо тирандозӣ ба осмон таҷлил карданд. Рӯзе пештар аз ин дар амалиёти низомӣ аз се ҷабҳа размандагони курд, шоҳроҳеро гирифтанд, ки аз ғарб ба шарқи Синҷар мерасад. Шоҳроҳи мазкур шаҳри Раққаи Сурия, як такягоҳи асосии гурӯҳи Давлати исломиро ба шаҳри Мосули Ироқ мепайвандад ва як роҳи муҳими таъмини ҷангҷӯён буд. Гурӯҳи “Давлати исломӣ” моҳи апрели соли 2014 шаҳри Синҷарро ишғол кард ва ҳазорон нафар аз аққалиятҳои эзадиро дар инҷо кушт ва сабаби ба кӯҳҳо фирор кардани даҳҳо ҳазор нафари дигар шуд. Ин амалкарди ҷангҷӯёнро Осорхонаи Ҳолокост дар Амрико наслкушӣ номидааст.

XS
SM
MD
LG