Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодаи Тоҷикистон ноиби шаҳрдори Смоленск шуд


Александр Бекбулатов
Александр Бекбулатов

Як зодаи Тоҷикистон муовини шаҳрдор (глава)-и шаҳри Смоленски Русия таъин шудааст. Бино ба хабари нашршуда дар сомонаи расмии шаҳрдории Смоленск, Александр Бекбулатов рӯзи 12 ноябр ба ин мақом таъйин шуда, дар ҳукумати шаҳр масоили меъморӣ, сохтмон ва заминсозиро раҳбарӣ мекунад. Бино ба ин манбаъ, Александр Узбекович Бекбулатов 31 январи соли 1958 дар шаҳри Конибодоми вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ба дунё омада, соли 1980 Донишкандаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси инженер –гидротехник хатм кардааст. Ӯ то соли 1990 дар муассисаҳои сохтмонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳайси муҳандис кор карда, соли 1990 ба Маскав кӯчидааст. Ӯ дар чанд ширкати сохтмонии Маскав ва муддате дар бахши сохтмони ширкати “РусАл” кор кардааст. Ӯ дар “РусАл” мудири кулли ширкати “Роғун-Сервис” буд. Бекбулатов аз соли 2012 ба сифати муовини раиси маъмурияти шаҳри Смоленск дар умури меъморӣ, сохтмон ва заминсозӣ кор мекард ва аз моҳи сентябри соли ҷорӣ раҳбарии раёсати ЖКХ - хоҷагии манзиливу коммуналии шаҳри Смоленскро бар ӯҳда дошт.

Александр Бекбулатов зан ва ду духтар дорад.

Шаҳри Смоленск дар 400-километрии ғарби Маскав, пойтахти Русия ҷойгир шуда, 330 000 аҳолӣ дорад. Ин шаҳр барои саҳмаш дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ унвони ифтихории “Шаҳри қаҳрамон”-ро дорад ва маркази маъмурӣ ва саноатии вилояти Смоленск мебошад.

XS
SM
MD
LG