Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои 8 санади нав дар ҷараёни сафари Э.Раҳмон ба Покистон


Дар пайи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Покистон ҷонибҳо ҳашт санади нави ҳамкорӣ ба имзо расондаанд, ки аз созишнома дар бораи ҳамкориҳои энержӣ то истирдоди муттаҳамонро дар бар мегирад.

Дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба Покистон миёни ду кишвар ҳашт санади нав ба имзо расидааст, ки аз ҳамкории энержӣ то истирдоди гумонбаронро дар бар мегирад. Инчунин, бар асоси тавофуқи Тоҷикистону Покистон дар ояндаи наздик миёни Душанбе ва Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейта хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ боз хоҳанд шуд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, баъд аз анҷоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ва имзои санадҳо дар як нишасти муштараки хабарӣ гуфт, кишвараш метавонад ба ҳайси "дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб хидмат кунад."

Инчунин, оқои Шариф хостори иҷрои ҳарчи зудтари тарҳи CASA-1000 шудааст, ки интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Ӯ гуфтааст, ҳарду ҷониб барои бунёди ҳарчӣ зудтари тарҳи CASA-1000 алоқаманд буда, бар инанд, ки баҳрабардорӣ аз ин хат метавонад барои қонеъ намудани талаботи афзояндаи Покистон ба нирӯи барқ кумаки назаррас намояд. Навоз Шариф гуфт, бунёди ин тарҳ соли 20156 оғоз меёбад ва ӯ даъвати Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар маросими оғози ин сохтмонро пазируфтааст.

Навоз Шариф ибрози умедворӣ кард, ки бунёди тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба CASA-1000 дар соли 2018 ба анҷом хоҳад расид.

Нишасти хабарии Эмомалӣ Раҳмон ва Навоз Шариф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:10 0:00
Линки мустақим

Эмомалӣ Раҳмон ба навбаи худ аз вуҷуди имконоти фарох дар амри густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон ҳарф зад ва дар ин замина афзоиши роҳҳои иртибототии чӣ заминӣ ва чӣ ҳавоӣ байни ду кишварро муҳим номид. Ӯ гуфт, ки Душанбеву Исломобод ба зарурати имзои ҳарчӣ зудтари созишномаи сеҷонибаи транзитӣ байни Тоҷикистону Покистон ва Афғонистон таъкид кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин қарордод ба рушди тиҷорат байни ин се кишвар ва ба сурати умум ба тиҷорати минтақавӣ таккони бештар хоҳад бахшид.

Президенти Тоҷикистон гуфт, "мавзӯи ҳарчӣ зудтар дар Афғонистони бародар пойдор намудани амну амонӣ аз мавзӯъҳои умдаи мулоқотҳои мо буд." Ӯ гуфт, "сулҳ дар Афғонистон ҷавобгӯи манфиатҳои ҳам Тоҷикистону ҳам Покистон ва ба нафъи минтақа мебошад."

Қабл аз зӯҳри 12 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот бо Навоз Шариф гуфтааст, ки кишвараш ба тақвияти бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорат, энержӣ, иртиботот ва амнияту дифоъ алоқаманд аст. Зимнан, хабаргузориҳои Покистон мавзӯи энержӣ, бахусус, интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистонро аз мавзӯъҳои калидӣ дар мулоқоти мақомоти раҳбарони Тоҷикистону Покистон унвон карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо иброз доштанд, ки бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон роҳро барои судури нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар фасли тобистон боз хоҳад кард. Масъулони Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид доштанд, ба далели набудани бозори фурӯши нерӯи барқ дар фасли тобистон ҳудуди 3 миллиард киловат-соат неруи барқ талаф мешавад.

Тибқи ин тарҳ хатти интиқоли неруи барқи 500 киловатт аз зеристгоҳи “Датка”-и Қирғизистон то Хуҷанди Тоҷикистон (тӯлаш 477 километр) ва аз зеристгоҳи “Сангтӯда”-и Тоҷикистон то Кобули Афғонистон ва Пешовари Покистон (тӯлаш 750 километр) бунёд хоҳад шуд, ки сармояаш 1 миллиарду 17 миллион доллар аст.

Ниҳодҳои байналмилалии моле чун Бонки Ҷаҳонӣ ва Агентии рушди байналмилалии ИМА омодагии худро барои сармоягузории ин тарҳ иброз доштаанд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки барои иҷрои тарҳи CASA-1000 маблағи нахустини 526 миллиондоллариро ҷудо кардааст, ки аз ин маблағ 316 миллион ба ҷониби Афғонистон, 45 миллион ба Тоҷикистон ва 120 миллион доллар ба Қирғизистону Покистон тавзеъ шудааст.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, дар роҳи иҷрои ин тарҳ ду мушкил вуҷуд дорад: аввал, бесуботӣ дар Афғонистон ва камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон. Зимнан, Ҷон Керрӣ, Котиби Давлатии Амрико дар ҷараёни дидораш аз Тоҷикистон дар рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ ваъда дод, ки дар зарфи 5 соли оянда барои таъмини неруи барқ дар Тоҷикистон ва судури он ба Афғонистон тарҳҳоеро ироа хоҳад кард. Аммо ҷаноби Керрӣ шарҳ надод, ки аз кадом роҳ ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Покистон, дар ҷараёни дидори Эмомалӣ Раҳмон аз Покистон дар канори масоили тиҷоратию иқтисодӣ мавзӯъҳои равобити инфиродии мардумони ин ду кишвар, табодули ҳайатҳо ва муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир низ матраҳ кардаанд. Бино ба гузоришҳои расмӣ, табодули мол миёни Покистону Тоҷикистон дар ҳоли густариш буда, аз 11 миллиони соли 2011 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзоиш ёфтааст.

Соли 2014 зимни сафари Навоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Душанбе ду тараф аҳд карда буданд, ки табодули молро дар се соли оянда ба 500 миллион доллар бирасонанд, вале ноамнӣ дар Афғонистон мизони тиҷоратро байни ду тараф кам кардааст. Ваъдаи ду тараф барои боз кардани хати сайри Душанбе-Исломобод ҳам иҷро нашуд. Айни замон дар Тоҷикистон тақрибан 40 ширкати покистонӣ фаъолият мекунанд ва аз Покистон ба Тоҷикистон аксаран маҳсулоти сохтмонӣ, бахусус семент ва маводи ғизоию мева содир мекунад.

XS
SM
MD
LG