Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни сӯхтор дар Бухарест афзоиш ёфт


Эътирозҳо дар Бухарест
Эътирозҳо дар Бухарест

Теъдоди қурбониёни оташсӯзӣ дар клуби шабонаи шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия, ба 53 нафар расид. Богдан Оприта, намояндаи бемористони ёрии таъҷилии Флореска дар Бухарест, рӯзи 12 ноябр гуфт, ки боз ду нафари ҷароҳатҳои вазнин бардошта субҳи ҳамин рӯз ҷон доданд.

Таркишу сӯхтор дар клуби Colectiv дар маркази Бухарест шоми 30 октябр ҳангоми рок-консерт рӯй дод. Ҳангоми ҳодиса дар бино тақрибан 400 нафар, асосан ҷавонону наврасон, ҷамъ омода буданд. Баъди аланга задани оташ бисёриҳо сӯи баромадгоҳ шитофтанд ва ин берун шудан аз биноро мушкилтар кард.

Оташсӯзӣ боиси эътирозҳои густурдаи мардумӣ шуд, ки дар пайи онҳо ҳукумати нахуствазир Виктор Понта ба истеъфо рафт. Раисиҷумҳури Руминия Клаус Иоханнис ахиран аз комиссари собиқи Иттиҳодияи Аврупо оид ба кишоварзӣ Дакиан Сиолос хост, ки ҳукумати тенократӣ ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG