Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КБО хостори муҷозоти варзишгарони рус шуд


Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) хостори муҷозоти он варзишгарони рус шуд, ки дар истифодаи допинг айбдор шудаанд. Ба иттилои BBC,кумитаи олимпӣ рӯзи 11 ноябр гуфтааст, ки аз Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук андешидани чораҳои қатъиро интизор аст.

Виталий Мутко, вазири варзиши Русия, рӯзи чаҳоршанбе изҳор намуд, ки моҷарои допинг шояд боиси аз Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро канор мондани варзишгарони рус шавад. Ба гуфтаи ӯ, “барои баъзеҳо аз байн бурдани рақибони русашон муҳим аст, барои дигарон – бадном сохтани Русия”.

WADA ё Бунёди ҷаҳонии зидди допинг дар як нишаст дар Женева рӯзи душанбе, 9 ноябр, ба Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук тавсия дод, Федератсияи варзиши сабуки Русияро барои нақзи кодекси байнулмилалии зидди допинг муҷозот ва варзишгарони кишварро то анҷоми тафтишоти комиссиюни вижа аз ширкат дар ҳама мусобиқаҳои байнулмилалӣ маҳрум кунад.

Комиссиюни WADA талаб дорад, ки варзишгарони рус Мария Савинова, барандаи Бозиҳои олимпии соли 2012 ва Екатерина Понстогова, соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон, ки ба истифодаи маводи мамнӯъ иқрор кардаанд, якумрӣ аз ширкат дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд.

Ба гуфтаи Дик Пунд, муаллифи гузориши 335-саҳифагӣ ва раиси пешини WADA, тақаллуб дар озмоишгоҳ, ришватситонӣ ва фиребу найранг бо ризояти мақомоти Русия, аз ҷумла, Хадамоти федеролии амният, сурат гирифтаанд.

Мақомоти Русия иттиҳоми WADA-ро рад карда онро “бедалел” ва “бепояву бунёд” ва пойфишории мақомоти амниятӣ барои истифодаи допинг аз сӯи варзишгаронро “сафсатта” хонданд. Аммо ба думболи ин раҳбари озмоишгоҳи зиддидопинги Маскав Григорий Родченков оҷилан аз мақомаш барканор шуд.

XS
SM
MD
LG