Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги донишҷӯи тоҷик дар сӯхтори Ҷалолобод


Дар сӯхтори бинои баландошёна дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон дар Ҷалолобод хабар доданд. Ба иттилои онҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Ӯш таҳсил дошта, рӯзҳои истироҳат ба пеши наздиконаш ба Ҷалолобод рафта будааст.

Яке аз фарзияҳои сӯхтор риоя накардани қоидаи истифода аз нерӯи барқ гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG