Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозон дар хиёнат ба давлат айбдор мешаванд


Дар Непал чанд футболбозро дар хиёнат ба давлат айбдор карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ин футболбозони дастаи мунтахаб дар он муттаҳам мешаванд, ки дар бозиҳо барои дарёфти роҳхати Ҷоми футболи ҷаҳони соли 2011 ба ивази маблағ ба бохти даста мусоидат кардаанд.

Футболбозон се ҳафта пеш баъди боздошт шудаанд, ки дар ҳисобҳои бонкияшон маблағи бузургро ошкор намуданд. Парвандаи ҷиноӣ алайҳи футболбозон рӯзи якшанбе, 8 ноябр, ифтитоҳ шуд. Додситонӣ мегӯяд, ки дар сурати тасдиқ шудани иттиҳом барои ба ҳабси абад маҳкум шудани онҳо талош хоҳад кард.

Боздоштшудагон - дарвозабон, капитан ва сармураббии собиқи дастаи мунтахабанд. Федератсияи футболи Непал то поёни мурофиаи додгоҳӣ ба майдон баромадани ин футболбозонро манъ кард.

Як сол пеш раиси Федератсияи футболи Непал Ганеш Тапа баъди иттиҳоми ришватситонӣ ва ба ҷайб задани чанд миллион доллар аз мақом истеъфо дода буд. Тафтишоти ФИФА, Федератсияи байнулмилалии футбол, дар баробари ин мансабдори собиқ идома дорад.

XS
SM
MD
LG