Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенизомиҳо дар боздоштгоҳе дар Австралия


Дар як маркази нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ҷазираи Эҳёи Австралия рӯзи 9 ноябр бенизомиҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Маҳбусон чанд ҷойро оташ зада, дар баъзе аз биноҳо харобкорӣ карданд.

Дар бораи осебдидагон дар ин ҳодиса иттилое зери даст нест. Ба иттилои Идораи муҳоҷирати Австралия, кормандони боздоштгоҳ ба таври оҷил аз марказ берун оварда шуданд.

Бенизомиҳо баъд аз ҳалокати яке аз маҳбусон – шаҳрванди курднажоди Эрон Фозил Чағонӣ ба вуқӯъ пайваст. Фозил Чағонӣ рӯзи шанбе аз боздоштгоҳ фирор кард. Як рӯз баъд ҷасади ӯ дар як ҷарӣ ошкор шуд. Сабаби марги ин муҳоҷири ғайриқонунӣ тафтиш мешавад.

Ба иттилои Идораи муҳоҷират, бенизомиҳо баъди он шурӯъ шуданд, ки гурӯҳи маҳбусони эронӣ дар робита ба марги Чағонӣ даст ба тазоҳурот заданд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар, Чағонӣ аз он шикоят мекард, ки ба ӯ имкони берун рафтан аз боздоштгоҳро намедиҳанд ва аммо мехоҳад, ки нафаси озод бикашад.

Ҷазираи Эҳё дар уқёнусти Ҳинд дар 500 километрии ҷануби Ҷакарта, пойхати Индонезӣ ва 2360 километр дуртар аз шаҳри Перти Австралия воқеъ аст.

XS
SM
MD
LG