Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли оянда дар Қазоқистон мошини Пежо тавлид мекунанд


Ширкати Peugeot Citron (Пежо Ситроэн) дуввумин корхонаи бузурги тавлидкунандаи мошинҳо дар Аврупо ба нақша гирифтааст, ки дар охири соли 2016 тавлиди ин навъи мошинҳоро дар Қазоқистон оғоз кунад.

Дар ин бора дафтари матбуотии ҳолдинги “Байтерек”-и Қазоқистон хабар дод. Бино ба ин хабар, ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар як сол дар Қазоқистон 12 ҳазор мошин тавлид шавад ва ҳатто бо назардошти имконот ин шумора то 17 ҳазор мошин афзоиш ёбад.

Кристоф Бержеран-муовини раиси ширкати Пежо Ситроэн гуфтааст, ки «тавлидоти сислсилаии ин мошин дар Қазоқистон на танҳо ҷойгоҳи ин мошинро дар минтақа таҳким мебахшад, балки ҳамкорӣ бо таъминкунандагони қисмҳои эҳтиётӣ ва эътибори ин соҳаро дар минтақа боло мебарад».

XS
SM
MD
LG