Ҳизби Озарбойҷони нав ба раҳбарии Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури кишвар эълом кард, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми ноябр пирӯзии мутлақро ба даст овардааст. Интихоботеро, ки аҳзоби мухолифи Озарбойҷон ва нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таҳрим карданд. Аксарият интизор доштанд, ки ҳизби ҳокими Озарбойҷон бо пирӯзӣ дар интихобот қудраташро нигаҳ медорад, бо вуҷуди онки саркӯби дигарандешон дар кишвар идома дорад ва ҳеҷ нишонае аз кам шудани он дида намешавад. Дар Озарбойҷон 5 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доштанд. Аксарияти аҳзоби шинохташудаи мухолифи давлат аз ширкат дар интихобот даст кашиданд, вале баъзе аз сиёсатмадорони алоҳидаи мухолиф дар он ширкат карданд. Дар порлумони дорои 125 курсии Озарбойҷон аксари курсиҳоро ҳизби Озарбойҷони нав дар даст доранд. Аҳзоби мухолиф мегуфтанд, ки ҳукумат шароити таблиғи интихоботиро фақат барои ҳизби ҳоким мусоид карда ва аҳзоби мухолифро дар шароите қарор дод, ки барои тарғиби худ ва расонидани барномаҳояшон ба доираи васеи мардум пули кофӣ наёфтанд.