Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон: бӯҳрони ҷаҳонӣ бояд кишварҳои ИДМ-ро муттаҳид кунад


Дар пасманзари бӯҳрони ҷаҳонӣ кишварҳои ИДМро зарур аст, ки муттаҳид шаванд. Дар ин бора раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе изҳори назар кард.

"Кишварҳои ИДМ бояд муттаҳид шаванд ва якҷо масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангиву башардӯстонаро ҳал кунанд", - зикр кард Раҳмон.

Ҳамчунин Раҳмон ба ширкаткунандагони ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ барои кор хост.

Сипас ширкаткунандагон бо ҳайатҳои андак ва баъд дар ҳайати васеъ масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи раҳбарони ҳукуматҳои ИДМ воридшударо баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG