Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия - мухолифи манъи истифодаи бомбҳои бушкаӣ


Асароти таркиши бомби бушкаӣ дар Ҳалаб. Акс аз марти соли 2014
Асароти таркиши бомби бушкаӣ дар Ҳалаб. Акс аз марти соли 2014

Русия гуфт, мухолифи тарҳи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ аст, ки манъи истифодаи бомбҳои бушкаӣ дар Сурияро ба ҳадаф дорад. Маскав мегӯяд, ин қатънома музокироти сулҳи Сурияро печидатар хоҳад кард. Бритониё, Фаронса ва Испания тарҳеро таҳия кардаанд, ки истифодаи бомбҳои бушкаиро маҳкум мекунад ва режими Димишқро, ки ба истифодаи чунин бомбҳо болои аҳдофи осоишта айбдор мешавад, бо таҳримоти нав таҳдид мекунад. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, дар 4 соли ҷанги Сурия, ки 250 000 кушта ба ҷо гузоштааст, қотили рақами як ҳаин бомбҳост, ки аз сӯи режими Башор Асад истифода мешаванд. Ба иддаои онҳо, ҳатто “Давлати исломӣ” ин қадар мардуми осоиштаро накуштааст, ки бомбҳои бушкаӣ. Муовини сафири Русия дар СММ Пётр Иличёв гуфт, Маскав аз ин қатънома пуштибонӣ намекунад, чунки “бахусус дар ин шароити ҳассос мо набояд талошҳоеро, ки дар Вена гирифта мешаванд, печида кунем.” Рӯзҳои 29 ва 30 октябр дар Вена музокироти сулҳи Сурия доир мешавад.

XS
SM
MD
LG