Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати дифоъ: "Тавони саркӯби Толибонро дорем"


Масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки нерӯҳои қудратии кишвар тавони вокуниши сареъ ба ҳар гуна ҳамлаҳои эҳтимолии Толибон ё гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро доранд.

Мақомоти Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, сатҳи омодагии нерӯҳои қудратии кишвар дар хатти марзи муштарак бо Афғонистон дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Толибон ва "Давлати исломӣ" ба андозае ҳаст, ки метавонанд дар зудтарин фурсат вокуниш нишон диҳанд. ​

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ, рӯзи 29 октябр дар иртибот ба ҳушдори раҳбари идораи Хадамоти федеролии Русия дар мавриди таҳдиди Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба кишварҳои Осиёи Миёна гуфт, гурӯҳҳои вижаи амниятии Сарраёсати марзбонӣ ва Вазорати дифоъ ҳамарӯза оид ба пешравиҳои Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон, иттилои дақиқ пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи Маҳмадалиев, "гурӯҳи махсуси ниҳодҳои қудратӣ шумораи ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар Кундуз ва ё дар вулусволии Дарқад, теъдоди таслиҳоти онҳо, дар кадом маҳаллаҳо ҷойгир шудани онҳоро иттилоъ медиҳанд ва аз ин сӯ ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ва қисмҳои ҳарбии дар минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон дар ҳоли омодабош қарор доранд."

Вай афзуд, хатари ҳамла ба марзи кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон аз сӯи гурӯҳҳои тундрав вуҷуд дорад ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз пайроҳаҳои мушкилгузар, метавонанд ба марзи Тоҷикистон таҳдид кунанд. Фаридун Маҳмадалиев гуфт, ки бо дарназардошти чунин вазъият, мақомоти интизомии кишвар омодагии ҷиддӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳадот рӯи даст гирифтаанд.

Александр Бортников, раиси Идораи хадамоти федералии Русия ё ФСБ, рӯзи 28 октябр эълон кард, таҷаммӯи гурӯҳи Толибон, ки баъзе аз аъзояш бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" вафодории худро эълон кардаанд, дар шимоли Афғонистон хатари ҳамлаҳо ба кишварҳои Осиёи Миёнаро бештар сохтааст.

Ин суханонро оқои Бортников дар ҳоле баён карда, ки рӯзи гузашта раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин дар Ново-Огарево бо раҳбарони ниҳодҳои ҷосусиии ҳашт кишвари Шӯравии пешин мулоқот кард. Оқои Путин дар ин мулоқот бо раҳбарони ниҳодҳои истихборотии Озарбойҷону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Молдоваву Тоҷикистон ва Русияву Узбакистон изҳор доштааст, ки “бидуни шумо кишварҳои мо наметавонанд ба таври маъмулӣ ё табиӣ рушд ёбанд”.

Николай Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия пас аз ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки айни замон дар сафҳои гурӯҳҳои тундрави "Давлати исломӣ" шаҳрвандони тақрибан 100 кишвар меҷанганд ва ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои ИДМ 10 гурӯҳи ҷангӣ ташкил шудааст.

Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Тоҷикистону Узбакистон кишварҳои аслии “содиркунандаи тундравҳо” ба саффи террористҳо ба шумор мераванд. Шумораи умумии шаҳрвандони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар сафи нируҳои террористӣ дақиқ нест, вале Русия тахмин мезанад, ки шояд ин рақам ба 7 ҳазор нафар расад.

Владимир Путин дар авоили моҳи ҷорӣ вазъияти Афғонистонро ҳассос хонда ва аз кишварҳои минтақа хоста буд, то барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолӣ, омода шаванд.

Нигаронии раиси идораи хадамоти федеролии Русия аз эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои тундрав ба Осиёи Миёна дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Толибон вулусволии Дарқади вилояти Тахор дар марз бо ноҳияи Фархори Тоҷикистон ба тасарруфи худ дароварданд ва ҳамакнун ҷангҳои шадид дар онҷо идома дорад. Аз ин қабл, дар авохири моҳи гузашта шаҳри Кундуз дар шимоли Афғонистон ба дасти Толибон суқут кард ва танҳо се рӯз баъд аз чанги ин гурӯҳ озод шуд.

Ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои ҷангии шарики Толибон дар манотиқи ҳаммарз бо Осиёи Марказӣ кайҳо боз мояи нигаронии кишварҳои ин минтақа, ба хусус Тоҷикистон шудааст. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марзи мустақим дорад, ки рӯи рӯди Омӯ мегузарад ва ба далели релефи мураккаби ҷуғрофӣ ҳифозаташ мушкил аст. Масъулияти ҳифозати ин марзи тӯлониро аз соли 2005 ба ин сӯ худи марзбонони тоҷик бар ӯҳда доранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар авоили моҳи октябр дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар Сочи изҳори нигаронӣ кард, ки даргириҳо бо ҷангиёни Толибон алакай 60 дарсади манотиқи ҳамарз бо Тоҷикистонро фаро гирифтаанд ва ин Душанберо сахт нигарон кардааст.

XS
SM
MD
LG