Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаҳои тасаллияти Э. Раҳмон ба Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф


Паёмади зилзила дар минтақаи Кишми вилояти Бадахшони Афғонистон.
Паёмади зилзила дар минтақаи Кишми вилояти Бадахшони Афғонистон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба унвонии раиси ҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, маротиби тасаллият худ дар робита ба зилзилаи рӯзи 26-уми октяб, ки боиси ҳалокати мардум дар ин кишварҳо шуд, баён кардааст. Оқои Раҳмон зимни ибрози ҳамдардӣ ба мардум ва наздикони ҳалокшудагони ин зилзила, гуфтааст, ки мардуми Тоҷикистон дар ин ғаму андӯҳи мардуми Покистон ва Афғонистон шарик ҳастанд.

Рӯзи 26-уми октябр зилзилаи сахти давомдор минтақаи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубиро такон дод. Ба асари ин зилзила наздик ба 400 нафар дар Афғонистон ва Покистон ба ҳалокат расида ва ҳазорон тани дигар захмӣ шуданд. Маркази зилзилашиносии Амрико маркази ин ҳодисаро вилояти Бадахшони Афғонистон дар ҳамсоягии Тоҷикистон гуфт.

XS
SM
MD
LG