Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо раисони кашфи 8 кишвар мулоқот кард


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар мулоқот бо раҳбарони кашфи 8 кишвари Шӯравии пешин гуфт, “бидуни шумо кишварҳои мо наметавонанд ба таври маъмулӣ ё табиӣ рушд ёбанд”.

Вай ин суханонро дар нимаи дуввуми рӯзи 28 октябр дар Ново-Огарево ба раҳбарони кашфи Озарбойҷону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Молдоваву Тоҷикистон ва Русияву Узбакистон изҳор дошт.

Путин зарурати баргузории мулоқотро бо таҳдидҳои нави марҳилаи кунунӣ иртибот дод ва гуфт, Давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ дар рӯ ба рӯи чунин таҳдидҳо қарор доранд. Ин таҳдидҳо аз гурӯҳҳои террористии Ховари Миёна бармеояд, ки ҳадафи онҳо рахна кардани кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия мебошад.

Баъд аз ин мулоқот Николай Бортников-раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия ба матбуот гуфт, ҳоло дар сафҳои гурӯҳҳои тундрави Давлати исломӣ шаҳрвандони тақрибан 100 кишвар меҷанганд. Аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои мустақили мушатаркулманофеъ 10 гурӯҳи ҷангӣ ташкил шудааст.

Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки Тоҷикистону Узбакистон кишварҳои аслии “содиркунандаи тундравҳо” ба суфуфи террористҳо ба шумор мераванд.

Шумораи умумии шаҳрвандони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ дар сафи нируҳои террористӣ дақиқ нест, вале Русия тахмин мезанад, ки шояд ин рақам ба 7 ҳазор нафар расад.

XS
SM
MD
LG