Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Doing Bussines 6 зина боло рафт


Дар гузориши нави Doing Business 2016, ки рӯзи 27 октябр дар торанмои расмии Бонкӣ ҷаҳонӣ нашр шудааст, Тоҷикистон аз ҷиҳати осонии пешбурди тиҷорат дар байни 189 кишвари ҷаҳон дар ҷои 132−юм ҷой гирифтааст, ки нисбат ба соли гузашта 6 зина боло аст. Соли гузашта Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷои 138-ум буд.

Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯи 10 шохис - сабтиноми корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байнулмилалӣ, муфлисшавӣ ва монанди инҳо - муайян мешавад. Ҳарчанд мавқеи кишвар дар маҷмуъ дар ин раддабандӣ боло рафтааст, аммо муаллифони ин гузориш навиштаанд, бизнес ҳамоно дар гирифтани иҷозаи сохтмон мушкил дорад ва ҳимояи сармоягузорон дар кишвар бадтар шудааст ва мавқеи кишвар аз рӯи ин нишондодҳо ду зина поин рафтааст. Дар дастрасии бизнес ба нерӯи барқ ва сабти номи молиякият натанҳо пешравие ҳосил нашудааст, балки вазъи кишвар аз рӯи ин нишондодҳо низ як зина поин рафтааст.

Бо вуҷуди он ки мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар маҷмӯъ боло рафтааст, аммо Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст. Чун бинобар арзёбии гузоришгарони Doing Business пешбурди тиҷорат дар ҳамсояҳои наздики Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ҳам ба маротиб осонтар аз Тоҷикистон аст. Ин аст, ки Қирғизистон дар ин раддабандӣ мақоми 67-ум, Узбакистон 87-ум ва Қазоқистон мавқеи 41-ум ишғол кардаанд.

Сингапур бо шароиту фазои аз ҳама мусоид барои пешбурди бизнес дар ин раддабндӣ 10 соли охир дар ҷои аввал боқӣ мемонад. Дар даҳгонаи кишварҳои пешоҳанги ин раддбандӣ Зеландияи Нав, Донмарк, Куриёи Ҷанубӣ, Бритониё, Амрико, Шветсия, Норвеж ва Финландия қарор доранд.

XS
SM
MD
LG