Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар даври 21-уми лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Бояд гуфт, ки баъди ба вазифаи сармураббии даста таъин шудани Маҳмадҷон Ҳабибуллоев “Ҳосилот” талхии бохтро начашидааст ва бо 44 имтиёз мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа боз ҳам устувор намуд.
Дар бозии дигари даври гузашта «Саройкамар»-и Панҷ, ки дар меҳмонӣ “Исфара”-и Исфараро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард, бо 41 имтиёз дар мақоми дувум қарор дорад. «Панҷшер»-и Румӣ, ки дар майдони худ бар «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, бо 39 имтиёз мақоми севумро касб кардааст.
«Помир»-и Душанбе, ки асосашро бозигарони мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон ташкил медиҳад, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар дастаи МТО (Маркази тайёрии олимпӣ)-и Хуҷандро бо ҳисоби бузурги 5:1 шикаст дод. Танҳо як бозӣ миёни дастаҳои “Чашма”-и Шаҳритус ва “Локомотив”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 21-ум
«Чашма» — «Локомотив» — 0:0
«Кӯктош» — «Ҳосилот» — 1:3
«Панҷшер» — «Эсхата» — 2:0
«Помир» — МТО — 5:1
«Исфара» — «Саройкамар» — 0:1
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
19 |
14 |
2 |
3 |
39-15 |
44 |
2 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
20 |
13 |
2 |
5 |
51-16 |
41 |
3 |
«Панҷшер» (Румӣ) |
18 |
11 |
6 |
1 |
36-11 |
39 |
4 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
19 |
11 |
6 |
2 |
35-20 |
39 |
5 |
«Эсхата» (Хуҷанд) |
19 |
11 |
4 |
4 |
54-26 |
37 |
6 |
«Кӯктош» (Рӯдакӣ) |
18 |
10 |
4 |
4 |
52-27 |
34 |
7 |
«Исфара» (Исфара) |
19 |
8 |
2 |
9 |
36-37 |
26 |
8 |
«Помир» (Душанбе) |
18 |
6 |
2 |
10 |
31-36 |
20 |
9 |
«Чашма» (Шаҳритус) |
19 |
6 |
2 |
11 |
28-48 |
20 |
10 |
«Локомотив» (Душанбе) |
19 |
5 |
2 |
12 |
21-45 |
18 |
11 |
«Канд» (Конибодом) |
18 |
3 |
1 |
14 |
23-48 |
10 |
12 |
«Зарафшон» (Панҷакент) |
18 |
2 |
3 |
13 |
17-35 |
10 |
13 |
МТО (Хуҷанд) |
18 |
2 |
0 |
16 |
24-83 |
6 |