Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Толибон 9 марзбони афғонро аз асорат раҳо карданд

Афроди Толибон 9 сарбози нируҳои марзбонии Афғонистонро, ки дар вилояти Бадахшони ин кишвар дар назидкии марз бо Тоҷикистон боздошт карда буданд, аз асорат раҳо карданд.

Дар ин бора намояндаи вилояти Бадахшон ба матбуот хабар додааст. Бино ба гуфтаи вай, дар музокирот ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки дар ивази раҳоии онҳо ҷониби давлат 2 намояндаи онҳоро аз зиндон раҳо кунад.

Доду гирифти ин афрод дар вулусволии Зебок бо миёнҷигарии сарони қабоили маҳаллӣ анҷом гирифтааст. Толибон 9 марзбони Афғонистонро дар миёнаи моҳи октябр дар маҳалле бо номи Тиргарони вулусволии Вардуҷ аз камин ба асорат дароварда буданд.

Он вақт нируҳои давлатӣ ба Толибон муқовумат нишон доданд ва 8 Толибро ба қатл расонданд. Ду нафарашонро боздошт карданд. Вулусволии Вардуҷ аз чанд моҳ ба ин сӯ дар дасти Толибон аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Тазоҳургарон дар Шаҳрикурд "марг бар Раисӣ" шиор додаанд

Гирдиҳамоӣ дар назди идораи ҳукумат дар Шаҳрикурд

Садҳо нафар аз тазоҳургарон дар вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ дар Эрон, ки ба зидди камобӣ дар вилоят эътироз доштанд, “марг ба Раисӣ” шиор додаанд, ки ишора ба номи раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ аст.

Дар видеоҳое, ки рӯзи 16-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, садҳо нафар дар назди бинои ҳукумати вилоят дар маркази он Шаҳрикурд дида мешаванд. Об дар инҷо дар 10 рӯзи гузашта бисёр кам шудааст ва ба мардум фақат бо мошинҳои обкаш об тақсим мекунанд.

Неруҳои амниятӣ ҳам дар байни тазоҳургарон дида мешаванд, аммо ҳеч гузорише дар бораи зӯроварӣ нарасидааст. Агарчӣ камобӣ солҳост дар бисёре аз гӯшаҳои Эрон идома дорад, вале вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ аз чанд вақт пеш аз норасоии об бештар ранҷ мекашад. Сабаб ҳам аз шабакаҳои обёрӣ ҷудо кардани чашмаи Куҳранг будааст, ки ба қавли раиси Идораи обу фозилоби вилоят дар натиҷаи сел гилолуд шудааст.

Эътизод Муқимӣ, як намояндаи вазорати энержӣ рӯзи 14-уми август гуфт, мушкилоти тасфияи об дар корхонаҳои поксозии об дар як рӯз ҳал мешавад ва хонаҳои мардум бо об таъмин мешавад. Сокинони вилоят мегӯянд, вазъ аз он рӯз тағйир наёфтааст.

Хабарнигори русро ба тамаъҷӯӣ аз миллиардери Русия муттаҳам мекунанд

Алишер Усмонов.

Хабарнигори "Московский комсомолец" Лев Сперанскийро баъди кофтукоби манзили зисташ рӯзи 16-уми август барои бозпурсӣ ба Кумитаи тафтишотии Русия бурдаанд.

Вакили мудофеи рӯзноманигор хабар дод, ки шахси зери ҳимояаш дар доираи парвандаи тӯҳмат ва тамаъҷӯӣ бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи худи Сперанский, сухан дар бораи парвандаи таъмаҷӯӣ аз олигархи узбектабори Русия Алишер Усмонов ва шаҳрванди сарватманди Қазоқистон Кенес Ракишев меравад.

Ҳангоми кофтукоби манзил телефон, флешка ва компютери рӯзноманигор мусодира шудааст. Ба ҷуз ин, маъмурони пулис дархости Сперанскийро дар бораи даъват кардани ёрии таъҷилӣ барои зани ҳомилааш рад карда, ба ӯ иҷоза надодаанд, ки бо муҳаррири "Московский комсомолец" ё вакилаш тамос гирад.

Дертар тарҳи "ОВД-Инфо" хабар дод, ки Сперанский раҳо шудааст ва озодии ӯро низ маҳдуд накардаанд. Ӯро дар ҳоли ҳозир ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кардаанд.

Хатлону Сурхондарё бо арзиши даҳҳо миллион доллар созишнома имзо кардаанд

Мақомоти расмии Узбекистону Тоҷикистон 23 созишномаи ҳамкорӣ дар байни мақомот ва соҳибкорони вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон имзо кардаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии "Ховар", созишномаҳо рӯзи 13-уми август дар ҷараёни Форуми рушди ҳамкории вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё имзо шудаанд. Арзиши созишномаҳои тиҷоратӣ тақрибан 27 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар хабар омадааст, ки аз ҷумла ёддошти тафоҳум ва харитаи роҳ барои ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ имзо шуд ва санаду қарордодҳои имзошуда ба пешрафти иқтисодии вилоятҳои ду кишвари ҳамсоя мусоидат мекунад.

Дипломати рус дар бораи чархболҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон сухан гуфт

Замир Кобулов, масъули сиёсатҳои Русия дар Афғонистон аст.

Як мақоми Русия мегӯяд, Маскав «хостори ин нест, ки тахминан сад чархболу ҳавопаймоҳое, ки соли гузашта низомиёни афғонистонӣ ба Узбекистону Тоҷикистон оварданд, ба Украина роҳ ёбанд». Замир Кобулов, фиристодаи Маскав дар Афғонистон дар ин бора дар сӯҳбат бо хабаргузории давлатии РИА Новости изҳори назар кардааст.

Кобулов дар сӯҳбати ихтисосиаш ба хабаргузории русӣ гуфтааст: «Барои мо муҳим ин аст, ки чархболу ҳавопаймоҳое, ки баъди фирори фармондеҳону низомиёни Афғонистон дар хоки Узбекистону Тоҷикистон мустақар кардаанд, ба Украина роҳ наёбанд. Дар Тоҷикистон тахминан 60 ва дар Узбекистон то 40-50 адад ҳастанд».

Маълум нест, ки заминаи шубҳаву тахминҳои мақоми Русия чӣ аст ва то куҷо ин изҳорот метавонад ба гунае таҳдид ё фишор болои мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли 2021 баъди ғасби Кобул аз тарафи Толибон бо теъдоде аз чархболу ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистону Узбекистон фирор карданд. Толибон хостори бозгардони ин чархболу ҳавопаймоҳо шудаанд, вале ҷавоби рад гирифтаанд.

Моҳи июн Майкл Курилла, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Амрико зимни сӯҳбат бо журналистон дар Тоҷикистон гуфт, "бо ин ки Толибон чандин бор таҳдид ва талаб карданд, ки ин ҳавопаймоҳо баргардонида шаванд, онҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон бурда намешаванд, чунки онҳо моли Толибон нестанд". Ӯ тахмин кард, ки шояд "ҳама ваё қисме аз ин ҳавопаймоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон дода шаванд.

Толибон мегӯянд, Мавлавӣ Муҷоҳидро дар марз бо Эрон куштанд

Маҳдӣ Муҷоҳид аз тарафдорони Толибон буд, вале баъдан ба зидди онҳо бархост.

Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи норозии ҳазоратабори гуруҳи Толибон дар марзи Афғонистон кушта шудааст.

Вазорати дифои ҳукумати Толибон рӯзи 17-уми август эълон кард, ки Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид ҳангоми талоши убури марзи Ҳирот ба самти Эрон аз ҷониби Толибони марзбон кушта шудааст.

Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, ягона фармондеҳи шиаи ҳазоратбори Толибон буд, ки пас аз барканорӣ аз раҳбарии амнияти ҳукумати Толибон дар ноҳияи Балхоби вилояти Сарипул бо ин гурӯҳ даргир шуд. Дар ҷанге, ки як ҳафта бо нерӯҳои таҳти фармони ӯ бо Толибон дар Балхоб ҷараён гирифт, даҳҳо нафар кушта шуданд. Баъдан, Толибон гуфтанд, ки Балхобро гирифтанд ва Маҳдӣ Муҷоҳид фирор кардааст. Маълум нест, Толибон Маҳдӣ Муҷоҳидро кай куштаанд.

Яке аз сухангӯёни Маҳдӣ Муҷоҳид, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ кушта шудани ӯро тасдиқ кард. Дар эъломияи Толибон аз Маҳдӣ Муҷоҳид “бағоватгар” ва ё саркаш ном бурда шудааст.

Маҳдӣ Муҷоҳид 13 сол пеш замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доштанд, ба Толибон пайваст ва дар суқути низоми ҳукумати собиқ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон нақши муҳим бозид. Аммо пас аз даҳ моҳи ба қудрат расидани Толибон, ба муқобили ин гурӯҳ бархост.

Ба гуфтаи огоҳон, ихтилофи Маҳдӣ Муҷоҳид бо Толибон аз он оғоз шуда буд, ки ӯ хостори саҳми бештари ҳазораҳо дар ин гурӯҳ будааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ борҳо аз Толибон хостаанд, то ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ин яке аз шартҳои ба расмият шинохтани ҳукумати ин гурӯҳ ҳаст.

Се тоҷикистониро барои одамрабоӣ дар Дубай ба зиндон андохтанд

Дубай яке аз маконҳои саёҳат ва тиҷорати шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст.

Дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гуноҳи одамрабоӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Вебсайти https://www.thenationalnews.com/ бо такя ба парвандаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар додгоҳи таҷдиди назари шаҳри Дубай муҳокима шудаанд, рӯзи 17-уми август навишт, се ҷавони тоҷики аз 18 то 35-сола моҳи ноябри соли гузашта бо фармоиши як зани чинӣ яке аз ҳамватанони ӯро рабуда ва ғорат кардаанд.

Ба гуфтаи додгоҳ, шаҳрвандони Тоҷикистон марди чиниеро, ки аз ҳамватанаш 20 ҳазор дирҳам, муодили тахминан 5,5 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор будааст, рабуда ба канори шаҳри Дубай бурда ба ӯ таҳдид кардаанд.

Пулиси Дубай бо истифода аз сабти дурбинҳои назоратӣ шахсияти одамрабоёнро ошкор кардааст. Дар оғоз шаҳрвандони Тоҷикистон ба се соли зиндон маҳкум шудаанд, вале додгоҳи таҷдиди назар ҳукмро то шаш моҳи зиндон кутоҳ карда ва амр додааст, ки баъди адои ҳукм аз Дубай ронда шаванд.

Дубай ва бархе дигар шаҳрҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ макони маъмули сафару зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки бештар бо ҳадафи тиҷорату саёҳат ба ин кишвар мераванд.

Додситонии Қазоқистон рӯйхати қурбониёни ҳодисаҳои моҳи январро нашр кард

Қазоқистон дар моҳи январи соли ҷорӣ шоҳиди нооромиҳо буд.

Додситонии кулли Қазоқистон 16 август, баъди ҳафт моҳ рӯйхати қурбониёни ҳодисаҳои хунини моҳи январ дар он кишварро нашр кард. Дар рӯйхат танҳо насаби қурбониён, ки шуморашон 238 кас гуфта мешавад, оварда шудааст.

Дар ин рӯйхат ҳолатҳои марги одамон зикр нашудааст. Маълум нест, ки кадоме аз онҳо дар ҷараёни ба истилоҳ “амалиёти зиддитеррористӣ” аз сӯи нирӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Мақомот изҳор доштанд, ки "террористҳо" бидуни пешниҳоди далелҳои эътимодбахш ба кишвар ҳамла мекунанд. Дар феҳрасти нашркардаи Додситонии кулли Қазоқистон мушаххас нашудааст, ки кӣ қурбонии тасодуфии тирпарронӣ ё истифодаи таҷҳизоти махсуси ғайримарговар шудааст.

Қаблан бунёди таъсисдодаи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, ба хонаводаи 19 нафаре, ки тафтишот марги онҳоро тасодуфӣ эътироф кардааст, ҷуброн мепардозад.

Ҳамчунин мақомоти додситонӣ нагуфтаанд, ки чанд каси қурбониён бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳ ба ҳалокат расидааст. Намояндаи Додситонии кулли Қазоқистон охирҳои моҳи майи имсол гуфта буд, ки бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳ 6 гумонбари ҳодисаҳои январ ҷон бохтааст.

Русия аз интиқоли С-400-и дувум ба Туркия хабар дод

Раиси Хадамоти федеролии ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии Русия Дмитрий Шугаев аз фурӯши муҷтамаи дувуми низоми мушакии С-400 ба Туркия хабар дод.

Шугаев дар ин бора дар ҷараёни ҳамоиши "Артиш-2022" дар шаҳри Москва иттилоъ дод. Ӯ дақиқ нагуфт, ки ин қарордод кай имзо шудааст, вале изҳор дошт, ки он қисман ба маҳаллисозии истеҳсоли муҷтамаъҳо дар Туркия рабт дорад.

Ба гуфтаи вай, "вазъи душвори сиёсӣ" ба "баъзе ҷанбаҳои ҳамкории дуҷонибаи Русия бо шариконаш таъсир гузоштааст", аммо ҳамкориҳои низомиву фаннии Русия бо Туркия идома доранд.

Туркия бори нахуст соли 2017 барои харидории С-400 бо Русия қарордодеро ба имзо расонда буд. Дар натиҷа ИМА моҳи декабри соли 2020 нисбати мақомоти мудофиаи Туркия барои харидории ин низоми мушакӣ таҳрим ҷорӣ кард.

Ҳанӯз миёнаҳои соли 2019 мақомоти ИМА гуфта буданд, ки харидории низоми мушакии С-400 аз сӯи Туркия барои ҳавопаймоҳои F-35-и амрикоӣ хатар эҷод мекунанд, зеро мушакҳои С-400 бо ҳавопаймоҳои F-35 мухолифат доранд.

Дороиҳои Гулнора Каримоваро ба Узбекистон бармегардонанд

Гулнора Каримова.

Мақомоти Узбекистон ва Швейтсария 16 август дар шаҳри Берн дар робита ба баргардонидани дороиҳои ғайриқонуние, ки ҳабс шудаанд, созишномаеро имзо карданд.

"Имзои созишнома баргардонидани фаврии 131 миллион доллари мардуми Узбекистонро, ки гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ба раҳбарии Гулнора Каримова ғайриқонунӣ ба Швейтсария интиқол додаанд, пешбинӣ мекунад", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Узбекистон.

Ба иттилои манбаъ, шарти асосии баргардонидани дороиҳои ғайриқонунии ҳабсшуда шаффофият, аз ҷумла иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди сарфи пулҳо ба нафъи мардум, истифодаи ниҳоии маблағҳои баргардонидашуда дар соҳаи иҷтимоӣ, барои маориф ва тандурустӣ гуфта шудааст.

Қаблан Додгоҳи федеролии Швейтсария даъвои вакилони мудофиаи Гулнора Каримоваро дар робита ба фасодкорӣ қисман қонеъ карда буд, ки барои баргардонии 293 млн франк (303 млн доллар)-и ҳабсшуда метавонист замина гузорад.

Додситонҳои Швейтсария аз соли 2012 то кунун ҷанҷоли фасодолудеро нисбати Гулнора Каримова ва ширкатҳои мобилӣ таҳқиқ доранд, ки гӯё барои ворид шудан ба бозори Узбекистон ба Гулнора пора додаанд. Гулнора Каримова дар фасодкорӣ ва пулшӯии бештар аз 865 млн доллар айбдор мешавад, ки ҳамчун пора аз се ширкати мобилӣ - МТС, VimpelCom ва TeliaSonera гирифтааст.

Гулнора Каримова соли 2015 нахуст ба панҷ соли зиндон маҳкум шуда буд. Моҳи марти соли 2020 ӯро 13 солу чаҳор моҳи дигар "бо айби ғорати маблағҳои буҷа ва бастани созишномаҳои хилофи манфиатҳои Узбекистон, инчунин бо роҳи тамаъҷӯӣ аз худ кардани молу мулки ғайр" зиндонӣ карданд.

Қазоқистон омӯзиши забони русиро дар синфҳои як манъ кард

Яке аз мактабҳои Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Қазоқистон омӯзиши якбораи се забонро барои хонандагони синфи як дар соли нави хониш манъ карданд.

Вазири маорифи Қазоқистон Асхат Аймагамбетов гуфт, хонандагони синфи якум минбаъд танҳо забони қазоқиро меомӯзанд. Зеро онҳо пеш аз омӯхтани забони русию англисӣ бояд аввал навиштану хондан бо забони модариро ёд гиранд.

Ба гуфтаи ӯ, барои хонандагони синфи якум омӯзиши якбораи се забон мушкил аст. "Омӯзиши забони русӣ аз синфи дувум ба роҳ монда мешавад. Забони англисиро дар синфи севум меомӯзанд", - изҳор дошт вазири қазоқ.

Қаблан дар Қазоқистон хонандагони синфи якум якбора се забон - қазоқӣ, русӣ ва англисиро меомӯхтанд.

Дар Узбекистон нусхаи қадимии “Қуръон”-ро дуздиданд

Намунаи як саҳифаи "Қуръон"

Нусхаи дастнависи қадими китоби Қуръонро аз як зиёратгоҳи ноҳияи Чортоқи вилояти Намангони Узбекистон дуздиданд.

Дар Раёсати пулиси Намангон гуфтанд, ки ҳодиса шаби 9 ба 10 август тахминан соати 00:04 рух додааст.

“Шахсони номаълум нусхаи дастнависи Қуръонро, ки дар зиёратгоҳи “Султон Увайси Қаранӣ” дар маҳаллаи “Баликкул” нигаҳдорӣ мешуд, дуздида, ба самти номаълум ғайб задаанд”, - гуфтанд дар раёсат.

Нусхаи дуздидашуда соли 1874 аз абрешим сохта шудааст. Баландии китоб 74 сантиметр, бараш 51 сантиметр, ғафсӣ 12 сантиметр ва он аз 426 саҳифа иборат аст.

Русия сафирашро дар Тоҷикистон иваз кард

Игор Лякин-Фролов нӯҳ сол дар Тоҷикистон сафири Русия буд.

Президенти Русия, Владимир Путин, бо як қарораш, имрӯз Семен Григорйевро сафир дар Тоҷикистон таъин кард.

Григорйев ба ин мақом ба ҷои Игор Лякин-Фролов меояд, ки дар Тоҷикистон нӯҳ сол кор кард.

Григорев як дипломати собиқадор аст ва дар гузашта дар вазифаҳои сафири Русия дар Абхозистон кор карда, Тоҷикистонро ҳам хуб медонад, чун, ба навиштаи "Азия-Плюс", солҳои 2000 то 2001 мушовири сиёсии САҲА дар Тоҷикистон буд.

Дар ҳолномааш навишта шудааст, ки забонҳои форсӣ, дарӣ, англисӣ ва паштуро медонад.

Президенти Эрон қонуни нав "Дар бораи ҳиҷобу иффат"-ро имзо кард

Кӯчае дар Теҳрон. Тобистони соли 2022

Дар Эрон президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ қонуни наверо имзо кард, ки “Дар бораи ҳиҷоб ва иффат” ном дошта, маҳдудиятҳои зиёду наверо болои сарулибоси занон ҷорӣ мекунад.

Оҷонсии IRIB, ки ба телевизиони давлатӣ наздик аст, мегӯяд, рӯзи 14 август Муҳаммад Солеҳ Ҳошимӣ Гулпойгонӣ дар як конфронс дар бораи ҳиҷоб суҳбат карда гуфтааст, ки поймолкунандаҳои қонуни нав ҷаримабандӣ мешаванд ва агар аксҳои бонувони корманди сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ бо меъёрҳои шариат нашр нашаванд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

Гулпойгонӣ дабири “Ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар” аст, ки масъули назорати шеваи рафтор дар ҷомеаи Эрон мебошад.

Бар асоси қонуни наве, ки президент имзо кардааст, заноне, ки дар интернет аксҳои худро бе ҳиҷобу рӯймол нашр мекунанд, ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол аз баъзе ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.

Чанд моҳи охир мақомот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фишору маҳдудият болои занҳоро зиёд карда, онҳоеро, ки, ба қавли мақомот, қоидаи ҳиҷобпӯширо вайрон кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ҳиҷобпӯшӣ дар Эрон барои занон ҳатмӣ аст.

Шумори қурбониёни таркишу сӯхтор дар бозори Ереван ба 16 нафар баромад

Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ дар Арманистон мегӯянд, ки шумори кушташудаҳо бар асари таркиш ва сӯхторе дар як бозори калони Ереван то 16 нафар зиёд шуд.

Ҷустуҷӯи қурбониёну зиндамондаҳои эҳтимолӣ идома дорад. Армен Памбухчиян, вазири ҳолатҳои изтирории Арманистон дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 16-уми август навишт, ки ҳанӯз 18 нафари дигар, аз ҷумла, як эрониву як рус ҳам нопадидшуда ба ҳисоб мераванд.

Таркиш рӯзи 14-уми август дар анбори маводи оташбозӣ ё фейерверки бозори калонтарини Сурмалуи канори Ереван рух дод. Баъди таркиш сӯхтори азиме тамоми бозорро фаро гирифт. Мақомот ишора мекунанд, ки таркиш дар бозор ҳодиса тасодуфӣ буд, на амали террористӣ.

Дар Тошканд ҳафт афғонистонӣ бо шиносномаҳои "сохтаи Тоҷикистон"-и Бритониё боздошт шуданд

Фурудгоҳи Тошканд

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардааст, ки дар даст шиносномаҳои сохтаи шаҳрвандони Бритониёро доштанд ва ин санадҳои тақаллубиро гӯё дар Тоҷикистон ба даст овардаанд.

Дар ин бора рӯзи 15-уми август дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодиса 5-уми август рух дод. Ҳафт нафар ҳангоми гузаштан аз санҷиши паспортӣ дар сарҳади фурудгоҳи Тошканд боздошт шуданд.

Ин нафарон, ки мехостанд аз Тошканд ба Лондон парвоз кунанд, дар даст шиносномаҳои шаҳрвандони Бритониёро доштанд. Баъдан дар вақти шурӯи тафтишот онҳо гуфтанд, ки шаҳрванди Афғонистон буда, замоне, ки дар Тоҷикистон буданд, шиносномаҳои сохтаи Бритониёро ба даст овардаанд.

Нисбати ин нафарон аз рӯи моддаҳои “таҳияи санадҳои тақаллубӣ” ва “сафари ғайриқонунӣ ба қаламрави Узбекистон ва хориҷ аз он” парванда боз шудааст.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё дар ин робита таҳқиқе дар қаламрави Тоҷикистон ҳам ба роҳ монда мешавад ё на.

СММ гуфт, дар ирсоли мутахассисон ба нирӯгоҳи Запорожйе таъхир намекунад

СММ гуфт, ки гуфтугузорҳо дар бораи ин ки гӯё ин ниҳод барои ирсоли нозиронаш ба корхонаи атомии Запорожйе таъхир мекунад, дуруст нест ва ин дар ҳолест, ки хабарҳо дар бораи гулӯлаборони атрофи корхона кам намешавад ва Украинаву Русия ҳамоно ҳамдигарро дар ин ҳодиса гунаҳгор мекунанд.

Нигаронӣ атрофи эҳтимоли сар задани фоҷеа дар ин корхонаи азимтарини атомӣ дар Аврупо бештар мешавад ва Русия ҳам ахиран гуфт, ки метавонад кори онро қатъ кунад.Стефан Дуйаррич, сухангӯи СММ дар як нишасти матбуотии рӯзи 15-уми август дар Ню-Йорк гуфт, ки Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ мустақилона амал мекунад, вале айни замон ҳам Украина ва ҳам Русия бояд, ки барои сафари мутахассисони ин оҷонсӣ ризоият диҳанд.

Маскав гуфтааст, ки барои ба ин корхона роҳ ёфтани мутахассисони СММ “ҳар чизе зарур аст”, анҷом медиҳад. Дар ин бора вазири дифои Русия дирӯз бо дабири кулли СММ Антонио Гутерреш сӯҳбат кардааст. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи душанбе дар як муроҷиаташон ба Маскв 42 давлат тақозо карданд, ки нирҳои русӣ аз корхонаи атомӣ берун шаванд, чунки ҳузури онҳо “хатари азим” эҷод мекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам дар муроҷиати шаби 15-уми августаш гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна фоҷеа вокуниши сареъ нишон диҳад, вагарна, ба гуфтааш, “ба терроризм мағлуб шуда, боиси пеш омадани иғвои ҳастаӣ” мешавад.

Шурӯи мурофиаи банкрот эълон кардани РАОРО дар Русия

Қароргоҳи РАОРО дар шаҳри Прага

Додгоҳе дар Маскав ҷараёни ҳуқуқии банкрот ё варшикаста эълон кардани бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро шурӯъ кард.

Ин қарор бар асоси тасмими сохторҳои андоз дар Русия гирифта шуд ва боиси аз фаъолият мондани намояндагии Радиои Озодӣ дар ин кишвар гардид. Бар асоси санадҳои мурофиавӣ, ки 15-уми август шурӯъ шуд, ширкати RFE.RL LLC дар Маскав дар ҳаҷми 7 миллион рубл ё 112 ҳазор доллар қарздор эълон шудааст.

Ин ширкат соли 2020 ба хотири намояндагӣ аз манфиатҳои Радиои Озодӣ дар Русия дар пасманзари қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи “агенти хориҷӣ” ба кор шурӯъ кард. Қонуни мазкур аз Радиои Озодӣ дар Русия ҳам, мисли дигар матбуоте, ки чунин тамға доранд, тақозо мекунад, ки рӯи ҳар маводи нашркардаашон дар матну видео нависанд, ки онҳоро “агенти хориҷӣ” ҳастанд.

Радиои Озодӣ дар Русия иҷрои ин талаботи идораи Роскомнадзорро рад кард ва дар ҷавоб ин идора ширкати RFE.RL LLC-ро дар ҳаҷми 16 миллион доллар ҷарима баст.

Нахустин қатора аз Тоҷикистон ба Русия ҳаракат кард

Акс аз мустанади Радио Свобода дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Баъди ду соли танаффуси вобаста ба пандемияи коронавирус, нимашаби 16-уми август нахустин қатора мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия бурд ва субҳ дар Душанбе ҳам як ист кард. Қатораи самти Кӯлоб-Волгоград соати 12:10-и имшаб, сешанбе ҳаракат кард ва бояд то рӯзи ҷумъа ба Волгогради Русия бирасад.

Қарор аст, то ҳафтаи аввали моҳи сентябри имсол ду қатораи дигар ҳам ба самти Русия ба ҳаракат дароянд. Рӯзи 27 август аз Душанбе ва 7-уми сентябр аз Хуҷанд ҳам қатораҳо ба самти Волгоград ҳаракат хоҳанд кард.

Маъмурияти корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки нархи билет 1410 сомонӣ ё муодили 140 доллар аст ва ба қатораи аввалини Кӯлоб-Волгоград 600 билет, яъне ҳамаи билетҳо фурӯхта шуданд. Роҳи ин қатора ба Русия аз қаламрави Узбекистону Қазоқистон убур мекунад, аз ин рӯ дар роҳ мусофиронро аз ин истгоҳҳо ҳам савор мекунад.

Қатораҳо аз Волгоград ба Кӯлоб ҳар рӯзи ҷумъа ҳаракат хоҳанд кард. Аз Душанбе ба Волгоград ҳар рӯзи шанбе баромада, рӯзҳои сешанбе бармегардад ва аз Хуҷанд ба Волгоград чоршанбеҳо баромада шанбеҳо бармегардад.

Соли таҳсил дар Қазоқистон 2 ҳафта дароз мешавад

Вазорати маорифи Қазоқистон муҳлати соли нави таҳсил дар мактабҳои он кишварро тасдиқ кард. Фармони вазири маорифи Қазоқистон дар ин замина ба имзо расидааст ва қарор аст, он дар Вазорати адлияи он кишвар низ ба қайд гирифта шавад.

Тибқи фармон, аз ин ба баъд соли таҳсил барои хонандагони синфи якум 35 ҳафта (қаблан 33 ҳафта) ва барои хонандагони синфҳои аз 2 то 11 36 ҳафта (қаблан 34 ҳафта) хоҳад буд.

Вазорати маорифи Қазоқистон қаблан шарҳ дода буд, ки чаро соли таҳсил дар ин кишвар дароз карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, коршиносон борҳо аз ин ниҳод дархост кардаанд, ки соли таҳсил то 20-25 июн дароз ва аз 20 август оғоз карда шавад. Зеро Қазоқистон яке аз тӯлонитарин таътил дар ҷаҳон (130)-ро дорад. Дар ҳоле ки дар бисёре аз кишварҳо ҳамагӣ аз 80 то 100 рӯз таътил аст.

Толибон аз Русия нафт хариданист

Гурӯҳи Толибон ба Русия пешниҳод кардааст, ки ба Афғонистон як миллион бушка нафт фурӯшад.

Дар ин бора вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон дар Афғонистон Нуриддин Азизӣ ба "РИА Новости" хабар додааст.

Азизӣ таъкид карда, ки Толибон дар сурати алоқаманди ҷониби Русия ба ягон маҳсулоти Афғонистон омодааст, табодули онро бо нафт баррасӣ кунад.

Раҳбари Палатаи савдо ва саноати Толибон моҳи июни имсол дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург гуфта буд, ки мехоҳанд аз Русия 5 ҳазор тонна нафт ва ду миллион тонна ғалла харидорӣ кунанд.

Дар Намангон як хонавода аз тарбуз заҳролуд шудааст

Як хонавода дар ноҳияи Норини вилояти Намангони Узбекистон аз тарбуз заҳролуд шуда, ду нафарашон ҷон бохтааст.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, ин марду зан ҳамроҳи ду фарзанду ду набераашон 11 август аз тарбузе заҳролуд шудаанд, ки ду рӯз пеш аз бозор харида буданд.

Дар натиҷа мард ва ҳамсараш дар манзили зисташон ба ҳалок расида, боқӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз ва ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин шудааст.

Президенти Узбекистон бо даъвати шоҳ ба Арабистони Саудӣ меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18 август бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд сафари давлатиеро ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов 15 август гуфт, тибқи барномаи ин сафар, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Риёзу Тошканд баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Асадов, "дар ҷараёни сафари Мирзиёев имзои бастаи бузурги санадҳои дуҷониба дар бораи “иқтисоди сабз”, технологияҳои баланд, рақамисозӣ, навоварӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар назар аст".

Президенти Узбекистон ҳамчунин аз шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ боздид хоҳад кард.

Эронро барои нашри нафратномаҳо дар бораи Салмон Рушдӣ танқид карданд

Салмон Рушдӣ

Мақомоти эронӣ гуфтанд, дар ҳамлае, ки Салмон Рушдӣ маҷрӯҳ ва бистарӣ шуд, худи нависанда гунаҳкор аст.

Вашингтон матбуоти эрониро барои нашри матолиби “нафратангез” дар бораи ин “ҳамлаи зишт” гунаҳгор кард. Дар вокуниши нахустин ба ҳодисаи ҳамла ба муаллифи 75-солаи “Ояҳои шайтонӣ” рӯзи 15-уми август Теҳрон ҳама гуна робита бо ҳамлаи се рӯз пешро “қотеона” рад кардааст.

Ҳодиса дар қисмати ғарбии шаҳри Ню-Йорк рух дод.

Ба Салмон Рушдӣ, ки бояд дар Пажӯҳишгоҳи Чатокуа дар мавзӯи озодии баён суханронӣ мекард, марде бо корд ҳамла карда ӯро сахт маҷрӯҳ намуд. Нависанда дар беморхона то 14-уми август тариқи дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид.

Эрон дар оғоз ҳеҷ вокунише ба ин ҳодиса накард ва котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен матбуоти эрониро барои матлабҳои нафратангез дар бораи Рушдӣ маҳкум намуд.

Ӯ гуфт, ки давоми солҳои дароз “матбуоти эронӣ эҳсоси нафрату бадбиниро нисбати нависанда парвариш кард ва вақте сӯиқасд ба ҷонаш шуд, хапу хомӯш шуд”. “Ин нафратовар аст”, гуфт ӯ.

Марде, ки бо гумони ҳамла ба нависанда боздошт шудааст, худро бегуноҳ меномад, вале NBC News гуфт, ки муфаттишон дар навиштаҳои ин марди гумонбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи ифротгароиро мушоҳида кардаанд.

Шумори қурбониёни таркиши анбори бозоре дар Арманистон то шаш нафар зиёд шуд

Дар шаҳри Еревани Арманистон дар паи таркише дар анбори нигаҳдории васоили оташбозӣ ё фейерверк дастикам шаш нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Арманистон ба бахши Армании Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти наҷот идома дорад ва ҳанӯз 16 нафар беномунишон дониста мешаванд.

Ба иттилои дафтари шаҳрдории Ереван, дар паи таркише, ки дар анбори воқеъ дар ҳудуди бозори азиме рух дод, сӯхтор сар зад ва ҳанӯз пурра хомӯш карда нашудааст. Сабаби сар задани таркиш маълум нест, вале ба иттилои шоҳидон, сӯхторе, ки якбора баъди таркиш сар зад, шифти бозорро сарозер кард ва бо ин сабаб шумори осебдидагон зиёд дониста мешавад.

Тақозои 42 кишвар аз Русия барои берункашии нирӯҳо аз нирӯгоҳи атомии Запорожйе

Нирӯгоҳи атомии Запорожйе дар шаҳри Энергодари Украина ҷойгир аст, ки ҳоло зери назари артиши Русия мебошад . Акс аз 4 августи соли 2022

Дар изҳороте 42 давлат аз Русия талаб карданд, ки сарбозонашро аз ҳудуди пойгоҳи ҳастаии Запорожйе берун кунад, чун, ба гуфтаи онҳо, ин ҳолат боиси эҷоди “хатари азим” гардидааст.

Матни изҳорот рӯзи 14-уми август дар вебсайти Иттиҳоди Аврупо нашр шуд ва дар он ҳуҷуми беасоси Русия ба хоки Украина ва ҳам ҳузури сарбозонаш дар ҳудуди корхонаи ҳастаӣ маҳкум шудааст. Корхонаи атомии Запорожйе азимтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад ва ҳоло мақомоти масъул наметавонанд машғули таъмини амнияту бехатарии кори он шаванд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “ҳуҷуми раднопазири Русия ва ҳузури идомаёбандааш дар коргоҳи атомии Украина хатари сар задани ҳодисаи атомӣ ё садамаро ба маротиб зиёд мекунад”. Дар изҳорот аз Маскав тақозо шудааст, ки қувваҳои мусаллаҳ ва дигар намояндагони ғайрикасбии худро аз корхона берун карда бигузорад, ки мақомоти дахлдори украинӣ масъулиятҳои худро “дар доираи марзҳои эътирофшудаи байналмилалиаш” иҷро кунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороти рӯзҳои истироҳати гузаштааш ҳушдор дод, ки гулӯлаборони корхона метавонад сабаби рахна шудани маводи атомӣ шавад. Русия рад намекунад, ки нирӯҳояш дар ҳудуди ин корхона қарор доранд, вале мегӯяд, ки тирандозии корхона кори дасти украиниҳо аст. Украина дар навбати худ русҳоро дар гулӯлаборони корхонаи атомӣ гунаҳгор мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG