Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як зани 28-сола аз ноҳияи Турсунзодаро бари гӯё бо зарбу лат ба марг расондани кӯдаки хурдсолаш боздошт кардааст. Ба иттилои манобеи ВКД, ҳоло дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад ва ҷузъиёти аз ин бештар дода намешавад.
Вале Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ин ҳодиса бегоҳи 24 октябр, баъд аз он ки сокини ноҳияи Турсунзода барои муоинаи фарзанди хурдсолаш ба маркази тиббии "Насл" дар Душанбе муроҷиат кардааст, қайд шудааст.
"Рӯзи 24.10.2015, тахминан соати 17:30 дақиқа ба беморхонаи "Насл", воқеъ дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе, зани шахсияташ номаълум писарчаи 1-солаи худро барои азназаргузаронӣ ба назди духтур овардааст. Ҳангоми муоинаи духтур муайян карда шуд, ки кӯдакаш вафот кардааст. Аз ҷониби кормандони милиса модари кӯдаки фавтида, зани 28-солаи истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ҳамчун гумонбар дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ дастгир гардид," -- гуфтанд дар Вазорати корҳои дохилӣ.
Ба иттилои мақомоти ВКД, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда кӯдаки худро латту кӯб намуда, дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта ва ба ҳалокат расидааст.