Вазири энержии Русия гуфтааст, ки 12 ноябр як ҳайати Эрон барои баррасии масъалаи ташкили бонки муштараки Русия-Эрон ба Маскав меояд.
Ба гуфтаи Новак, чунин бонк дар замони Шӯравӣ фаъолият мекардааст, вале бо фурӯпошии Шӯравӣ он барҳам хӯрдааст. Дар ҷараёни боздиди ҳайати Эрон шароити фаъолияти он, бинои бонк, ва маблағи гардиш дар ин бонк бо вазорати молияи Русия баррасӣ мешавад.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бояд ҳайати мазкур пеш аз ҳайати кумиссиюни байниҳукуматии Эрон вориди Русия шавад. Дар ин бора пештар Бонки марказии Эрон низ эъломияе пахш карда буд.