Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки нируҳои амниятӣ вулусволии Ғурмочро дар вилояти Форёб ба контроли худ даровардаанд. Чанд рӯзи ахир ин вулусволӣ дар дасти нируҳои Толибон буд.
Барёлай Башарвол-муовини раиси пулиси вилоят гуфт, ки нируҳои давлатӣ парчами давлатиро субҳи 24 октябр дар бинои идории вилоят барафрохтаанд. Ин кор ба онҳо дар натиҷаи амалиёти нируҳои заминӣ ва ҳавоӣ муяссар шудааст.
Башарвол ҳамчунин гуфтааст, ки Абдулмаҷид-раиси пулиси вулусволии Ғурмоч як ҷо бо 12 корманди пулис кушта шудаанд. Онҳоро ҳафтаи гузашта Толибон боздошт карда буданд.
Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, ки нируҳои давлатӣ поксозии маркази вулусволиро аз боқимондаҳои гурӯҳҳои Толибон идома медиҳанд. Ин гурӯҳҳо то ҳол муқовимат нишон медиҳанд.
18 октябр Толибон маркази вулусволиро ба тасаррауфи худ дароварда буданд. Абдулрашид Дустум-муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон дар минтақа қарор дорад ва амалиёти нируҳои давлатиро ҳамоҳанг месозад.