Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Охирин зиндонии фирорӣ дар Қирғизистон кушта шуд

Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои интизомии Қирғизистон Олтинбой Итибоев, охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳё СИЗО дар вилояти Чуйи ин кишвар кушта шудааст.

Бино ба иттилои муқаддамотии Вазорати умури дохилаи Қирғизистон, дар ҷараёни ин амалиёт як сокини ғайринизомӣ тасодуфан кушта ва як корманди ҳизфи ҳуқуқ захмӣ шудаанд.

Тибқи гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Олтинбой Итибоев дар яке аз хонаҳои шаҳри Бишкек сангар гирифта ва ба ниҳодҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Бишкек Эдил Абдураҳмонов, яке дигар аз маҳбуси фирорӣ боздошт шуда буд. Бад ин тартиб, аз ҷумлаи 9 маҳбус, ки рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ аз бодоштгоҳи вилояти Чуй фирор карда буданд, 3 нафар куштаю 3 нафар боздошт шуда ва 3 нафари дигар ба иллати бемориҳо, назири сактаи қалб даргузаштаанд. Аммо мудофеъони ҳуқуқи башари маҳаллӣ мегӯянд, мумкин аст ин се нафари охирӣ ба далели латукӯби пулис ҷон бохтаанд.

Зимнан, ба ҳангоми фирори маҳбусон аз боздоштгоҳ дар рӯзи 12 октябр чор корманди боздоштгоҳ кушта шуданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Президенти Эрон қонуни нав "Дар бораи ҳиҷобу иффат"-ро имзо кард

Кӯчае дар Теҳрон. Тобистони соли 2022

Дар Эрон президенти ин кишвар Иброҳим Раисӣ қонуни наверо имзо кард, ки “Дар бораи ҳиҷоб ва иффат” ном дошта, маҳдудиятҳои зиёду наверо болои сарулибоси занон ҷорӣ мекунад.

Оҷонсии IRIB, ки ба телевизиони давлатӣ наздик аст, мегӯяд, рӯзи 14 август Муҳаммад Солеҳ Ҳошимӣ Гулпойгонӣ дар як конфронс дар бораи ҳиҷоб суҳбат карда гуфтааст, ки поймолкунандаҳои қонуни нав ҷаримабандӣ мешаванд ва агар аксҳои бонувони корманди сохторҳои давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мутобиқ бо меъёрҳои шариат нашр нашаванд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

Гулпойгонӣ дабири “Ситоди амри маъруф ва наҳйи мункар” аст, ки масъули назорати шеваи рафтор дар ҷомеаи Эрон мебошад.

Бар асоси қонуни наве, ки президент имзо кардааст, заноне, ки дар интернет аксҳои худро бе ҳиҷобу рӯймол нашр мекунанд, ба мӯҳлати аз шаш моҳ то як сол аз баъзе ҳуқуқи иҷтимоӣ маҳрум мешаванд.

Чанд моҳи охир мақомот дар Ҷумҳурии Исломии Эрон фишору маҳдудият болои занҳоро зиёд карда, онҳоеро, ки, ба қавли мақомот, қоидаи ҳиҷобпӯширо вайрон кардаанд, ҷазо медиҳанд. Ҳиҷобпӯшӣ дар Эрон барои занон ҳатмӣ аст.

Шумори қурбониёни таркишу сӯхтор дар бозори Ереван ба 16 нафар баромад

Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ дар Арманистон мегӯянд, ки шумори кушташудаҳо бар асари таркиш ва сӯхторе дар як бозори калони Ереван то 16 нафар зиёд шуд.

Ҷустуҷӯи қурбониёну зиндамондаҳои эҳтимолӣ идома дорад. Армен Памбухчиян, вазири ҳолатҳои изтирории Арманистон дар саҳифаи фейсбукиаш рӯзи 16-уми август навишт, ки ҳанӯз 18 нафари дигар, аз ҷумла, як эрониву як рус ҳам нопадидшуда ба ҳисоб мераванд.

Таркиш рӯзи 14-уми август дар анбори маводи оташбозӣ ё фейерверки бозори калонтарини Сурмалуи канори Ереван рух дод. Баъди таркиш сӯхтори азиме тамоми бозорро фаро гирифт. Мақомот ишора мекунанд, ки таркиш дар бозор ҳодиса тасодуфӣ буд, на амали террористӣ.

Дар Тошканд ҳафт афғонистонӣ бо шиносномаҳои "сохтаи Тоҷикистон"-и Бритониё боздошт шуданд

Фурудгоҳи Тошканд

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистонро боздошт кардааст, ки дар даст шиносномаҳои сохтаи шаҳрвандони Бритониёро доштанд ва ин санадҳои тақаллубиро гӯё дар Тоҷикистон ба даст овардаанд.

Дар ин бора рӯзи 15-уми август дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар додааст. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодиса 5-уми август рух дод. Ҳафт нафар ҳангоми гузаштан аз санҷиши паспортӣ дар сарҳади фурудгоҳи Тошканд боздошт шуданд.

Ин нафарон, ки мехостанд аз Тошканд ба Лондон парвоз кунанд, дар даст шиносномаҳои шаҳрвандони Бритониёро доштанд. Баъдан дар вақти шурӯи тафтишот онҳо гуфтанд, ки шаҳрванди Афғонистон буда, замоне, ки дар Тоҷикистон буданд, шиносномаҳои сохтаи Бритониёро ба даст овардаанд.

Нисбати ин нафарон аз рӯи моддаҳои “таҳияи санадҳои тақаллубӣ” ва “сафари ғайриқонунӣ ба қаламрави Узбекистон ва хориҷ аз он” парванда боз шудааст.

Ҳанӯз мақомот дар Тоҷикистон дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки оё дар ин робита таҳқиқе дар қаламрави Тоҷикистон ҳам ба роҳ монда мешавад ё на.

СММ гуфт, дар ирсоли мутахассисон ба нирӯгоҳи Запорожйе таъхир намекунад

СММ гуфт, ки гуфтугузорҳо дар бораи ин ки гӯё ин ниҳод барои ирсоли нозиронаш ба корхонаи атомии Запорожйе таъхир мекунад, дуруст нест ва ин дар ҳолест, ки хабарҳо дар бораи гулӯлаборони атрофи корхона кам намешавад ва Украинаву Русия ҳамоно ҳамдигарро дар ин ҳодиса гунаҳгор мекунанд.

Нигаронӣ атрофи эҳтимоли сар задани фоҷеа дар ин корхонаи азимтарини атомӣ дар Аврупо бештар мешавад ва Русия ҳам ахиран гуфт, ки метавонад кори онро қатъ кунад.Стефан Дуйаррич, сухангӯи СММ дар як нишасти матбуотии рӯзи 15-уми август дар Ню-Йорк гуфт, ки Оҷонсии байналмилалии нирӯи ҳастаӣ мустақилона амал мекунад, вале айни замон ҳам Украина ва ҳам Русия бояд, ки барои сафари мутахассисони ин оҷонсӣ ризоият диҳанд.

Маскав гуфтааст, ки барои ба ин корхона роҳ ёфтани мутахассисони СММ “ҳар чизе зарур аст”, анҷом медиҳад. Дар ин бора вазири дифои Русия дирӯз бо дабири кулли СММ Антонио Гутерреш сӯҳбат кардааст. Ин дар ҳоле буд, ки рӯзи душанбе дар як муроҷиаташон ба Маскв 42 давлат тақозо карданд, ки нирҳои русӣ аз корхонаи атомӣ берун шаванд, чунки ҳузури онҳо “хатари азим” эҷод мекунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский ҳам дар муроҷиати шаби 15-уми августаш гуфт, ки ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна фоҷеа вокуниши сареъ нишон диҳад, вагарна, ба гуфтааш, “ба терроризм мағлуб шуда, боиси пеш омадани иғвои ҳастаӣ” мешавад.

Шурӯи мурофиаи банкрот эълон кардани РАОРО дар Русия

Қароргоҳи РАОРО дар шаҳри Прага

Додгоҳе дар Маскав ҷараёни ҳуқуқии банкрот ё варшикаста эълон кардани бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро шурӯъ кард.

Ин қарор бар асоси тасмими сохторҳои андоз дар Русия гирифта шуд ва боиси аз фаъолият мондани намояндагии Радиои Озодӣ дар ин кишвар гардид. Бар асоси санадҳои мурофиавӣ, ки 15-уми август шурӯъ шуд, ширкати RFE.RL LLC дар Маскав дар ҳаҷми 7 миллион рубл ё 112 ҳазор доллар қарздор эълон шудааст.

Ин ширкат соли 2020 ба хотири намояндагӣ аз манфиатҳои Радиои Озодӣ дар Русия дар пасманзари қабули қонуни баҳсбарангез дар бораи “агенти хориҷӣ” ба кор шурӯъ кард. Қонуни мазкур аз Радиои Озодӣ дар Русия ҳам, мисли дигар матбуоте, ки чунин тамға доранд, тақозо мекунад, ки рӯи ҳар маводи нашркардаашон дар матну видео нависанд, ки онҳоро “агенти хориҷӣ” ҳастанд.

Радиои Озодӣ дар Русия иҷрои ин талаботи идораи Роскомнадзорро рад кард ва дар ҷавоб ин идора ширкати RFE.RL LLC-ро дар ҳаҷми 16 миллион доллар ҷарима баст.

Нахустин қатора аз Тоҷикистон ба Русия ҳаракат кард

Акс аз мустанади Радио Свобода дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Баъди ду соли танаффуси вобаста ба пандемияи коронавирус, нимашаби 16-уми август нахустин қатора мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия бурд ва субҳ дар Душанбе ҳам як ист кард. Қатораи самти Кӯлоб-Волгоград соати 12:10-и имшаб, сешанбе ҳаракат кард ва бояд то рӯзи ҷумъа ба Волгогради Русия бирасад.

Қарор аст, то ҳафтаи аввали моҳи сентябри имсол ду қатораи дигар ҳам ба самти Русия ба ҳаракат дароянд. Рӯзи 27 август аз Душанбе ва 7-уми сентябр аз Хуҷанд ҳам қатораҳо ба самти Волгоград ҳаракат хоҳанд кард.

Маъмурияти корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтааст, ки нархи билет 1410 сомонӣ ё муодили 140 доллар аст ва ба қатораи аввалини Кӯлоб-Волгоград 600 билет, яъне ҳамаи билетҳо фурӯхта шуданд. Роҳи ин қатора ба Русия аз қаламрави Узбекистону Қазоқистон убур мекунад, аз ин рӯ дар роҳ мусофиронро аз ин истгоҳҳо ҳам савор мекунад.

Қатораҳо аз Волгоград ба Кӯлоб ҳар рӯзи ҷумъа ҳаракат хоҳанд кард. Аз Душанбе ба Волгоград ҳар рӯзи шанбе баромада, рӯзҳои сешанбе бармегардад ва аз Хуҷанд ба Волгоград чоршанбеҳо баромада шанбеҳо бармегардад.

Соли таҳсил дар Қазоқистон 2 ҳафта дароз мешавад

Вазорати маорифи Қазоқистон муҳлати соли нави таҳсил дар мактабҳои он кишварро тасдиқ кард. Фармони вазири маорифи Қазоқистон дар ин замина ба имзо расидааст ва қарор аст, он дар Вазорати адлияи он кишвар низ ба қайд гирифта шавад.

Тибқи фармон, аз ин ба баъд соли таҳсил барои хонандагони синфи якум 35 ҳафта (қаблан 33 ҳафта) ва барои хонандагони синфҳои аз 2 то 11 36 ҳафта (қаблан 34 ҳафта) хоҳад буд.

Вазорати маорифи Қазоқистон қаблан шарҳ дода буд, ки чаро соли таҳсил дар ин кишвар дароз карда мешавад.

Ба гуфтаи масъулони вазорат, коршиносон борҳо аз ин ниҳод дархост кардаанд, ки соли таҳсил то 20-25 июн дароз ва аз 20 август оғоз карда шавад. Зеро Қазоқистон яке аз тӯлонитарин таътил дар ҷаҳон (130)-ро дорад. Дар ҳоле ки дар бисёре аз кишварҳо ҳамагӣ аз 80 то 100 рӯз таътил аст.

Толибон аз Русия нафт хариданист

Гурӯҳи Толибон ба Русия пешниҳод кардааст, ки ба Афғонистон як миллион бушка нафт фурӯшад.

Дар ин бора вазири саноат ва савдои ҳукумати Толибон дар Афғонистон Нуриддин Азизӣ ба "РИА Новости" хабар додааст.

Азизӣ таъкид карда, ки Толибон дар сурати алоқаманди ҷониби Русия ба ягон маҳсулоти Афғонистон омодааст, табодули онро бо нафт баррасӣ кунад.

Раҳбари Палатаи савдо ва саноати Толибон моҳи июни имсол дар Ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Петербург гуфта буд, ки мехоҳанд аз Русия 5 ҳазор тонна нафт ва ду миллион тонна ғалла харидорӣ кунанд.

Дар Намангон як хонавода аз тарбуз заҳролуд шудааст

Як хонавода дар ноҳияи Норини вилояти Намангони Узбекистон аз тарбуз заҳролуд шуда, ду нафарашон ҷон бохтааст.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, ин марду зан ҳамроҳи ду фарзанду ду набераашон 11 август аз тарбузе заҳролуд шудаанд, ки ду рӯз пеш аз бозор харида буданд.

Дар натиҷа мард ва ҳамсараш дар манзили зисташон ба ҳалок расида, боқӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса тафтишот оғоз ва ташхиси судӣ-тиббӣ таъйин шудааст.

Президенти Узбекистон бо даъвати шоҳ ба Арабистони Саудӣ меравад

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18 август бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд сафари давлатиеро ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов 15 август гуфт, тибқи барномаи ин сафар, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Риёзу Тошканд баррасӣ мешаванд.

Ба гуфтаи Асадов, "дар ҷараёни сафари Мирзиёев имзои бастаи бузурги санадҳои дуҷониба дар бораи “иқтисоди сабз”, технологияҳои баланд, рақамисозӣ, навоварӣ, тиҷорати хурд ва соҳибкорӣ дар назар аст".

Президенти Узбекистон ҳамчунин аз шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ боздид хоҳад кард.

Эронро барои нашри нафратномаҳо дар бораи Салмон Рушдӣ танқид карданд

Салмон Рушдӣ

Мақомоти эронӣ гуфтанд, дар ҳамлае, ки Салмон Рушдӣ маҷрӯҳ ва бистарӣ шуд, худи нависанда гунаҳкор аст.

Вашингтон матбуоти эрониро барои нашри матолиби “нафратангез” дар бораи ин “ҳамлаи зишт” гунаҳгор кард. Дар вокуниши нахустин ба ҳодисаи ҳамла ба муаллифи 75-солаи “Ояҳои шайтонӣ” рӯзи 15-уми август Теҳрон ҳама гуна робита бо ҳамлаи се рӯз пешро “қотеона” рад кардааст.

Ҳодиса дар қисмати ғарбии шаҳри Ню-Йорк рух дод.

Ба Салмон Рушдӣ, ки бояд дар Пажӯҳишгоҳи Чатокуа дар мавзӯи озодии баён суханронӣ мекард, марде бо корд ҳамла карда ӯро сахт маҷрӯҳ намуд. Нависанда дар беморхона то 14-уми август тариқи дастгоҳи сунъӣ нафас мекашид.

Эрон дар оғоз ҳеҷ вокунише ба ин ҳодиса накард ва котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен матбуоти эрониро барои матлабҳои нафратангез дар бораи Рушдӣ маҳкум намуд.

Ӯ гуфт, ки давоми солҳои дароз “матбуоти эронӣ эҳсоси нафрату бадбиниро нисбати нависанда парвариш кард ва вақте сӯиқасд ба ҷонаш шуд, хапу хомӯш шуд”. “Ин нафратовар аст”, гуфт ӯ.

Марде, ки бо гумони ҳамла ба нависанда боздошт шудааст, худро бегуноҳ меномад, вале NBC News гуфт, ки муфаттишон дар навиштаҳои ин марди гумонбар дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи ифротгароиро мушоҳида кардаанд.

Шумори қурбониёни таркиши анбори бозоре дар Арманистон то шаш нафар зиёд шуд

Дар шаҳри Еревани Арманистон дар паи таркише дар анбори нигаҳдории васоили оташбозӣ ё фейерверк дастикам шаш нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Арманистон ба бахши Армании Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти наҷот идома дорад ва ҳанӯз 16 нафар беномунишон дониста мешаванд.

Ба иттилои дафтари шаҳрдории Ереван, дар паи таркише, ки дар анбори воқеъ дар ҳудуди бозори азиме рух дод, сӯхтор сар зад ва ҳанӯз пурра хомӯш карда нашудааст. Сабаби сар задани таркиш маълум нест, вале ба иттилои шоҳидон, сӯхторе, ки якбора баъди таркиш сар зад, шифти бозорро сарозер кард ва бо ин сабаб шумори осебдидагон зиёд дониста мешавад.

Тақозои 42 кишвар аз Русия барои берункашии нирӯҳо аз нирӯгоҳи атомии Запорожйе

Нирӯгоҳи атомии Запорожйе дар шаҳри Энергодари Украина ҷойгир аст, ки ҳоло зери назари артиши Русия мебошад . Акс аз 4 августи соли 2022

Дар изҳороте 42 давлат аз Русия талаб карданд, ки сарбозонашро аз ҳудуди пойгоҳи ҳастаии Запорожйе берун кунад, чун, ба гуфтаи онҳо, ин ҳолат боиси эҷоди “хатари азим” гардидааст.

Матни изҳорот рӯзи 14-уми август дар вебсайти Иттиҳоди Аврупо нашр шуд ва дар он ҳуҷуми беасоси Русия ба хоки Украина ва ҳам ҳузури сарбозонаш дар ҳудуди корхонаи ҳастаӣ маҳкум шудааст. Корхонаи атомии Запорожйе азимтарин истгоҳи ҳастаӣ дар Аврупо мебошад ва ҳоло мақомоти масъул наметавонанд машғули таъмини амнияту бехатарии кори он шаванд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки “ҳуҷуми раднопазири Русия ва ҳузури идомаёбандааш дар коргоҳи атомии Украина хатари сар задани ҳодисаи атомӣ ё садамаро ба маротиб зиёд мекунад”. Дар изҳорот аз Маскав тақозо шудааст, ки қувваҳои мусаллаҳ ва дигар намояндагони ғайрикасбии худро аз корхона берун карда бигузорад, ки мақомоти дахлдори украинӣ масъулиятҳои худро “дар доираи марзҳои эътирофшудаи байналмилалиаш” иҷро кунад.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороти рӯзҳои истироҳати гузаштааш ҳушдор дод, ки гулӯлаборони корхона метавонад сабаби рахна шудани маводи атомӣ шавад. Русия рад намекунад, ки нирӯҳояш дар ҳудуди ин корхона қарор доранд, вале мегӯяд, ки тирандозии корхона кори дасти украиниҳо аст. Украина дар навбати худ русҳоро дар гулӯлаборони корхонаи атомӣ гунаҳгор мекунад.

Дар Русия шумори хосторони визаи Шенген якбора афзуд

Масъулони ширкатҳои сайёҳӣ дар Русия мегӯянд, шумори зиёди шаҳрвандони ин кишвар талош доранд, ки ба визаи Шенген даст ёбанд. Марина Широкова, мудири ширкати “Визаход” ба нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, ки муроҷиатҳо барои гирифтани визаи Шенген, ки сафар ба кишварҳои Аврупоро таъмин мекунад, дар давоми ду ҳафтаи гузашта 40 % афзудааст.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши муроҷиатҳо бо тарси маҳдуд шудани имконияти визагирӣ барои шаҳрвандони Русия рабт мегирад. Рӯзи 8-уми август дар як даъваташ президенти Украина Владимир Зеленский аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо хост, ки ба хотири ҷазо додани Маскав барои ҳуҷуми беасосаш ба хоки Украина шаш моҳ пеш сафари туристони русро ба хоки Иттиҳоди Аврупо манъ кунанд.

Се рӯз баъдаш вазири корҳои хориҷии Эстония Урмас Рейнсалу гуфт, ин кишвар шаҳрвандони Русияро, ки аз ҷониби ҳукумати Эстония визаи Шенген ба даст овардаанд, ба хокаш роҳ намедиҳад. Шаҳрвандони Русия то ҳол ҳам ба хотири ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина мушкили сафар ба Аврупо доранд. Чандин кишвар додани виза ба русҳоро манъ кардаанд.

Зиёда аз ин, ҳавопаймоҳои русӣ ҳақи парвоз дар ҳарими ҳавоии Аврупоро надоранд. Бисёр русиягиҳо талош доштанд тавассути хоки Финляндия ё кишварҳои назди Балтика вориди минтақаи Шенген шаванд, вале зоҳиран, баъди даъвати ахири Эстония ин роҳ ҳам мушкил хоҳад шуд.

Бунёдгузори як "пирамидаи молӣ" дар Узбекистон бо пули 300 муштарӣ фирор кардааст

Бунёдгузори яке аз "Пирамидаҳои молӣ" бо номи "Rayona Qutlug" дар Узбекистон пулҳои наздик ба 300 муштарии худро гирифта, аз кишвар фирор кардааст.

Ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо хабаргузории "Хабар.уз" гуфтаанд, ки ба ҳисоби миёна барои мошин 4-5 ва барои хона 15-17 ҳазордолларӣ пешпардохт карда буданд ва аз ин кори онҳо наздиконашон хабар надоштанд.

"Rayona Qutlug" 10 январи соли 2022 аз сӯи сокини маҳаллӣ Эркин Эгамбердиев таъсис ёфтааст.

Пулиси ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд зидди раҳбарияти созмон бо банди "Дуздии амвол" парванда боз кардааст.

Абубакр Шеров дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо медали нуқра гирифт

Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибоев, тоҷири маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-14-уми август дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 66 кило медали нуқра ба даст овард.

Абубакр рақобатро аз даври дувум муқобили варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов шуруъ кард ва дастболо шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ намояндаи дигари Қазоқистон Болат Билолро шикаст дод ва ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ севумин гуштигири қазоқ Алмас Галимовро ноком карда, ба финал роҳ пайдо намуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз намояндаи дигари Қазоқистон Сунгат Жубаткан мағлуб гашт ва барандаи медали нуқра шуд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ғайр аз Абубакр Шеров, боз ҳафт гуштигири тоҷик - Акабаралӣ Кенҷаев (-60 кг), Аҳмадҷон Аюбов (-66 кг), Маҳмудҷон Раҳимов (-73кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг), Кароматулло Ҳакимов (-90кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100кг) - намояндагӣ карданд. Вале ҳамаи онҳо дар даври муқаддамотӣ ноком шуда, аз идомаи сабқат маҳрум гаштанд.

Ҳамин тариқ, дастаи ҷудои Тоҷикистон бо як медали нуқраи Абубакр Шеров мусобиқаро ба анҷом расонид.

Дар Ҷоми бози Осиё дар рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) ҳудуди 200 варзишгар аз шаш кишвари Осиё (Қазоқистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Ҳонконг, Чин) иштирок карданд.

Мусобиқаи мазкур рейтингӣ буд ва дар радабандии ҷаҳонии ҷудо барои мақоми аввал - 100 имтиёз, дувум – 70 ва севум - 50 имтиёз дода шуд.

Қазоқистон нақшаи содироти нафт тавассути Озарбойҷонро рад кард

Болат Акчулаков, вазири энержии Қазоқистон.

Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков хабарҳо дар бораи содироти 1,5 миллион тонна нафтро тавассути лӯлаи Боку-Тифлис-Ҷайҳон, ки Русияро давр мезанад, рад кард. Вай 12 август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Атирауи Қазоқистон гуфт, ки кишвараш чунин тасмиме надорад.

"Ман ҳам ин хабарро хондам. Фикр намекунам, ки мо дар бораи интиқоли нафт тавассути ин масир созишномае имзо кунем. Чунин масъалахо дар сатҳи корхонаҳои миллӣ баррасӣ мешаванд. Аммо мо дар бораи имзои созишнома дар бораи интиқоли нафт дар моҳи сентябр гуфтугӯ надорем", - изҳор доштааст ӯ.

Хабаргузории Reuters иттилоъ дод, ки ширкати миллии "ҚазМунайГаз"-и Қазоқистон бо ширкати давлатии Озарбойҷон (SOCAR) дар бораи интиқоли ҳудуди 30 000 бушка нафт дар як рӯз ба бандари Ҷайҳони Туркия гуфтугӯ мекунад. Манбаъ ҳамчунин қайд кард, ки Қазоқистон ният дорад дар соли 2023 тавассути лӯлаи дигари Озарбойҷон ба бандари Гурҷистон 3,5 миллион тонна нафти дигар содир кунад.

Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон.

Нур Табаров, адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон шаби гузашта дар сини 81-солагӣ даргузашт. Наздикон ва дустонаш гуфтанд, ки ӯ солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд

Маросими видоъ ва ҷанозаи ин шахсияти шинохта субҳи 15-уми август дар назди хонааш дар пушти чойхонаи "Роҳат" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор шуд. Сипас тобути ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсисву фарҳангӣ кор карда, солҳои ахир бознишаста буд.

Номи Нур Табаров соли навадум дар ҳодисаҳои мавсум ба “Баҳманмоҳи хунин” дар баробари Бурӣ Каримов, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев ҳам пайванд дода мешуд. Аммо борҳо онҳо изҳор доштаанд, ки мехостанд барои рафъи буҳрони он вақт пеш омада кумак кунанд.

Ӯ, ки номаш дар ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин гиреҳ хӯрда буд, баъд аз сӣ сол дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ узр пурсиданашро аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ "талаботи замон" донист, аммо гуфт, аслан ҳоҷати чунин узрхоҳӣ набудааст.

Аз Нур Табаров ҳамчун як нафари сахтгир ва ташаббускор ном мебаранд, ки маҳз дар давраи вазирии ӯ ҷашнвораи театрии “Парасту” ва “Наврӯз” ба миён омад, ки бевосита дар он саҳм дошт.

Ба гуфтаи коршиносон, фаъолияти кории Нур Табаров дар ду самт равона шуда буд. Яке сиёсат, ки роҳбарии шӯъбаи фарҳанги Ҳизби комунисти вақт, вазири фарҳанг ва вакили Шӯрои олии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт ва дигар фаъолияти эҷодӣ. Дар самти фаъолияти эҷодӣ Нур Табаров ҳамчун рӯзноманигор, нависанда ва драматург корҳои зиёдеро анҷом дод.

Нур Табаров соли 1941 зода шуда, соли 1962 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин ва солҳои 70-ум мактаби олии ҳизби коммунистро хатм кардааст. Фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" оғоз карда, баъдан ба ҳайси хабарнигори махсуси "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон, "Навиди Бозаргон", сармуҳаррири маҷаллаи "Помир" кор кардааст.

Муҳаққиқон авҷи фаъолияти хабарнигории Нур Табаровро ҳангоми кор дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" медонанд. Ӯ муаллифи чандин маҷмӯаи ҳикояву намоишнома ва очерку мақолаҳо, аз ҷумла "Вагони охирин", "Тарс", "Паёми Зардушт", "Суробҳо", "Шикасти ташнагӣ", "Чашмони бародари қиёматӣ" ва "Дар чорсӯ" аст.

Як фурӯшгоҳи бузург дар Ереван таркид

Сухтор дар Ереван.

Дар фурӯшгоҳи бузурги "Сурмалу" дар Ереван, пойтахти Арманистон, таркиши сахт рух додааст. Ба иттилои бахши армании Радиои Озодӣ, бар асари ин таркиш як нафар ҷон бохта, 51 тан захмӣ шудаанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ереван хабар дод, ки пас аз таркиши фурӯшгоҳи "Сурмалу" сӯхтор ба амал омадааст.

Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ ҳафт захмиро ба бемористон интиқол доданд ва тахмин меравад, чанд нафари дигар дар дохили бино мондааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лаҳзаи таркиш нашр шудааст, ки нишон медиҳад, аз фурӯшгоҳ дуди сиёҳе ба осмон печидааст.

Ҳанӯз сабаби таркиш маълум нест.

"Сурмалу", як фурушгоҳест, ки дар он ба таври яклухт молу маҳсулот мефурӯшанд.

Муаллифи "Ояҳои шайтонӣ" ба ҳуш омадааст

Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби ҷанҷолии “Ояҳои шайтонӣ”.

Салмон Рушдӣ, муаллифи китоби ҷанҷолии “Ояҳои шайтонӣ”, ки рӯзи 12-уми август дар шаҳри Ню Йорки Амрико як ҳамлагар ба ӯ корд зада буд, ба ҳуш омадааст.

Пизишкон гуфтаанд, ки ӯ аз марг наҷот ёфт ва вазъи саломатиаш мӯътадил аст.

Атиш Тасир, нависанда ва ҳамкори ӯ дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки Рушдиро аз зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ берун кардаанд ва гап мезанад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто Рушдӣ шухӣ мекунад.

Наздикони Рушдӣ низ ин хабарро тасдиқ кардаанд, вале шарҳи бештар надодаанд.

Ҳамзамон, имрӯз нахустин мурофиаи Ҳодӣ Матар, нафаре, ки ба Салмон Рушдӣ ҳамла кард буд, баргузор шуд.

Додситонии Ню-Йорк мегӯяд, ки Матар Рушдиро 10 корд задааст. Ин ҷавон худро бегуноҳ донист.

Салмон Рушдӣ соли 1988 китобе бо номи “Ояҳои шайтонӣ” навишт, ки хашми мусалмонони ҷаҳонро барангехт.

Ба ӯ борҳо барои ин китобаш таҳдиди куштан кардаанд. Ӯ баъди фатвои Оятуллоҳ Алии Хумайнӣ, раҳбари Эрон, ки куштанашро “ҳалол” донист, дигар пинҳонӣ зиндагӣ мекард. Қарор буд, Салмон Рушдӣ дар Пажуҳишгоҳи Чаутаква, дар як маҳаллае дар ҷанубуғарби аёлати Ню Йорк суханронӣ кунад. Дар ин марказ, ки доир ба масоили мазҳабӣ маҳфилҳо сурат мегиранд, Салмон Рушдӣ қаблан ҳам суханронӣ кардааст.

Як фурӯшгоҳи бузург дар Ереван таркид

Фурӯшгоҳе дар пойтахти Арманистон таркид.

Дар фурӯшгоҳи бузурге дар Ереван, пойтахти Арманистон, таркиши сахт рух додааст.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Ереван хабар дод, ки пас аз таркиши фурӯшгоҳи "Сурмалу" сӯхтор ба амал омадааст.

Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ ҳафт захмиро ба бемористон интиқол доданд ва тахмин меравад, чанд нафари дигар дар дохили бино мондааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори лаҳзаи таркиш нашр шудааст, ки нишон медиҳад, аз фурӯшгоҳ дуди сиёҳе ба осмон печидааст.

Ҳанӯз сабаби таркиш маълум нест.

"Сурмалу", як фурушгоҳест, ки дар он ба таври яклухт молу маҳсулот мефурӯшанд.

Гузориши танқидӣ дар бораи артиши Украинаро месанҷанд

Amnesty International logo in English

Гузориши созмони Amnesty International дар бораи сӯистифодаи низомиёни украинӣ аз макотиб ва манзилҳои зисти сокинонро коршиносони байналмилалӣ месанҷанд.

Дар ин бора “Мавҷи Олмон” хабар додааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дақиқ карданианд, ки чаро ин гузориш вокуниши манфӣ ба бор овард. "Мо мехоҳем фаҳмем, ки чаро чунин шуд ва аз ин бояд дарс гирем,”—гуфтанд дар ин созмон.

Гузориши Amnesty International дар расонаҳои Русия зиёд бозтоб ёфт ва баъдан, созмон таасуф хурд, ки дар он гузориш таҷовузи Русияро маҳкум накардааст.

Дар гузориши ин созмон аз рӯзи 4-уми август гуфта мешуд, ки низомиёни украинӣ дар мактабу хонаҳои сокинон пинҳон мешаванд ва ҷони одамони одиро бо ин корашон дар хатар мегузоранд.

Ин гузориш хашми мансабдорони украиниро ба бор овард ва созмонро ба ҷонидори аз Русия муттаҳам карданд.

Агнесс Каламар, раҳбари Amnesty International гуфт, ҳадафи онҳо чунин набуд, балки мехостанд, Русия ва Украина ҷони мардуми одиро дар хатар нагузоранд.

"Нон, кор, озодӣ." Толибон бо тирандозӣ занонро пароканда карданд

Занони афғонистонӣ соле боз зидди Толибон эътироз мекунанд.

Ҷангҷӯёни Толибон тазоҳуроти осоиштаи занонро дар Кобул, ки бо шиори “нон, кор, озодӣ” ба хиёбон баромада буданд, бо тирандозӣ ба ҳаво ва латукӯби эътирозгарон пароканда карданд.

Ҳудуди 40 зан рӯзи 13-уми август дар назди бинои Вазорати маорифи Афғонистон раҳпаймоӣ карданд.

Дар аксу наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷангҷӯёни Толибон тир мепарронанд ва ба занон ҳамла мекунанд. Ҳангоми фирор Толибон занонро думболагирӣ кардаанд ва бархеро бо дастаи автомат латукӯб кардаанд.

Анҷумани рӯзноманигорони мустақили Афғонистон хабар дод, ки Толибон се хабарнигори хориҷӣ ва як хабарнигори маҳалиро барои пӯшиши тазоҳурот боздошт кардаанд. Ду хабарнигори дигари маҳаллӣ аз зарби Толибон захмӣ шудаанд.

Ҳуҷатуллоҳ Муҷадидӣ, як узви Анҷумани рӯзноманигорон дар Кобул ба хабаргузориҳои хориҷӣ гуфтааст, ки хабарнигорони хориҷии боздоштшуда аз Олмон, Дания ва Норвегия будаанд.

Созмони Афви Байналмилал аз гузоришҳо дар бораи истифодаи "нирӯи аз ҳад зиёд"-и Толибон барои пароканда кардани эътирози занон нигаронӣ кард. Ин созмон дар Твиттер навиштааст, ки занҳо "ба таври осоишта эътироз карда, ҳуқуқи инсонии худро талаб мекарданд."

Дар наворе, ки гуфта мешавад аз ин раҳпаймоӣ гирифта шудааст, дида мешавад, занон бо талаби ҳуқуқи кор ва ҳузури сиёсӣ доштан дар ҷомеа шиор медиҳанд ва раҳпаймоӣ мекунанд.

Аксари эътирозгарон он либосе, ки Толибон аз занон мехоҳанд бипӯшанд, надоштанд.

Дар яке аз шиори дасти занон навишта шудааст, ки "15-уми август рӯзи сиёҳ аст." Дар ин рӯз, як сол пеш, Толибон Афғонистонро тасарруф крада буданд.

Ҳукумати Толибон ҳуқуқи занон ба кору таҳсилро маҳдуд намуда, ба духтарон иҷозаи таҳсил дар мактабҳоро намедиҳанд. Занон низ ҳақ надоранд, ки кор кунанд. Ҳамзамон, бар асоси қонунҳои ҳукумати Толибон, занон бояд чеҳраи худро комилан пушонанд ва бе ҳамроҳии мард ҳақи ба хиёбон баромадан надоранд.

Ҳукумати Толибонро то кунун ҳеҷ кишвари дунё ба расмият нашинохтааст. Шарти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ин аст, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд ва ба занону духтарон иҷозаи кору таҳсил бидиҳанд.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии CAFA-2022 севум шуд

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA (Созмони футболи Осиёи Марказӣ)-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 5-ум то 12-уми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии тими Эрон ба поён расид.

Бозиҳои даври панҷум ва охирини мусобиқот шаби ҷумъаи 12-уми август доир шуданд. Нахуст дар Варзишгоҳи марказии Душанбе тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Узбекистон рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Баъдан дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунанда миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд. Футболбозони эронӣ ба дарвозаи мизбонон чаҳор голи беҷавоб заданд. Се голро дар нимаи аввали дидор Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ (дақиқаи 10-ум), Сайид Саҳархезон (дақиқаи 15-ум) ва Амирризо Исломталаб (дақиқаи 25-ум) ба самар расониданд. Як голи дигарро Амир Шоҳим дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 82-юм, аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии CAFA -2022 дар Душанбе панҷ дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-сола аз Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.

Баъди натиҷагирии ҳамаи панҷ даври мусобиқот дар қаҳрамонии CAFA-2022 мунтахаби Эрон, ки бо касби ҳашт имтиёз дар ҷадвал мақоми аввалро соҳиб шуд, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз гашт.

Дастаҳои Узбекистону Тоҷикистон бо касби шашимтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор гирифтанд. Таносуби тӯбҳои футболбозони ҷавони узбек хубтар аст, инчунин онҳо мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карданд. Бинобар ин, мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт.

Мунтахаби Қирғизистон бо касби панҷ имтиёз ҷойи чаҳорумро азони худ кард. Мунтахаби Афғонистон бо касби як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум - ҷойгир шуд.

Аз рӯи ҷамъбасти мусобиқот ҷоизаи «Fair Play», инчунин ҷоизаи вижа ба мунтахаби ҷавонони Афғонистон супурда шуд. Нимҳимоятгари мунтахаби Узбекистон Шаҳриёр Ҷабборов (3 гол) беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид. Капитан ё сартими Эрон Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ аз ҳама бозигари судманди мусобиқот эътироф шуд.

Зимнан, қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 маҳсуб мешуд, ки моҳи сентябри имсол дар Душанбе баргузор мешавад. Рақибони футболбозони тоҷик дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаҳои мунтахаби Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа мебошанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар Душанбе

Даври 1-ум

Узбекистон – Эрон – 2:2

Қирғизистон – Афғонистон 1:0

Даври 2-юм

Қирғизистон Узбекистон 0:0

Афғонистон Тоҷикистон 1:4

Даври 3-юм

Эрон – Афғонистон – 4:0

Тоҷикистон – Қирғизистон – 3:1

Даври 4-ум

Эрон – Қирғизистон 2:2

Тоҷикистон Узбекистон 0:3

Даври 5-ум

Тоҷикистон – Эрон – 0:4

Голҳо: Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ, 10 (0:1). Саид Саҳархезон, 15 (0:2). Амирризо Исломталаб, 25 (0:3). Амир Шоҳим, 82 – аз пеналти (0:4).

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов (Абдулло Шарипов, 46), Меҳрубони Абдурауф, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Фахриддин Аҳтамов, Фатҳулло Олимзода (Аббос Андалебов, 81), Кабир Салимшоев (Амирҷони Фаррухзод, 81), Бежан Нишонбойзода (Салоҳиддин Эргашев, 85), Иброҳим Зокиров, Салам Ашӯрмамадов (Далер Шарипов, 63), Суннатулло Азизов (Асадбек Ҷӯрабекзода, 63).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳаммад Амин Ҳазбавӣ (Эрон).

12-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6200 тамошобин.

Афғонистон – Узбекистон -1:1

Голҳо: Аслиддин Турсунпӯлодов, 8 (0:1). Ҳасибуллоҳ Аҳадӣ, 18 (1:1).

Беҳтарин бозигари дидор: Файсал Саид (Афғонистон).

12-уми август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1

Эрон

4

2

2

0

12-4

8

2

Узбекистон

4

1

3

0

6-3

6

3

Тоҷикистон

4

2

0

2

7-9

6

4

Қирғизистон

4

1

2

1

4-5

5

5

Афғонистон

4

0

1

3

2-10

1

Варзишгарони тоҷик дар бозиҳои ҳамбастагии исломӣ медал гирифтанд

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар панҷ рӯзи рақобатҳо се медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Илдар Аҳмадиев дар ҷаҳиш ба дарозӣ бо натиҷаи 7 метру 86 сантиметр дувум шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Асламҷон Азизов дар вазни то 55 кило ва Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 63 кило, ҳарду дар риштаи гуштии юнонию румӣ, медалҳои биринҷӣ гирифтанд. Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи ҳисоби медалҳо дар ҷойи 31-ум қарор дорад.

Дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ баъди натиҷагирии панҷ рӯзи рақобатҳо дар ҳисоби дастаӣ мизбонон мақоми аввалро касб кардаанд. Мунтахаби Туркия 137 медал (48 тило,48 нуқра ва 41 биринҷӣ) гирифтааст.

Мунтахаби Эрон бо касби 56 медал (22 тило, 18 нуқра ва 16 биринҷӣ) дар мақоми дувум қарор дорад. Мунтахаби Узбекистон бо касби 53 медал (18 тило, 14 нуқра ва 21 биринҷӣ) мақоми севумро азони худ кардааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Қазоқистон - 36 медал (12 тило, 5 нуқра ва 19 биринҷӣ), Озарбойҷон бо касби 35 медал (9 тило, 12 нуқра ва 14 биринҷӣ), Марокаш - 35 медал (9 тило, 6 нуқра ва 20 биринҷӣ), Баҳрайн - 18 медал (9 тило, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ), Индонезия - 18 медал (8 тило, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ), Алҷазоир - 15 медал (4 тило, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) ва Қирғизистон бо касби 9 медал (3 тило, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 39 кишвар барандагони медалҳои Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ гардидаанд, аз он ҷумла намояндагони 26 кишвар бо медалҳои тило сарфароз шудаанд.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин Туркманистон бо касби 8 медал (1 тило, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи 17-ум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи охирин аст.

Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик, ки 48 нафаранд, дар ҳашт намуд – варзиши сабук, камонварӣ, ҷудо, каратэ-до, тенниси рӯи миз, таэквондо, вазнабардорӣ ва гуштии варзишӣ сабқат мекунанд.

Бо иштироки варзишгарони тоҷик рӯзҳои 10-13 август мусобиқаи гуштии озод ва гуштии юнонию румӣ, 11-15 август - вазнабардорӣ, 13-15 август - тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд, 15-18 август - камонварӣ, 15-17 август - ҷудо ва 17-18 август мусобиқаи каратэ-до доир мешавад.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ҳамагӣ 6 медал (як тилло, як нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло ва Насҳиддин Ворисов дар риштаи таэквондо WT бо медали нуқра мукофотонида шудаанд. Ҳарчор медали биринҷиро варзишгарони тоҷик дар риштаи варзишҳои зӯрхонаӣ гирифтаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG