Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато садоҳои муҳим аз дастгоҳи сабт “пок” шудаанд


Дар Алмаато 20 октябр ҳангоми муҳокимаи парвандаи занҳои маст, ки бо мошин кӯдакеро пахш карда куштаанд, ҳодисаи ҷолибе рух дод. Баъд аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ се хабарнигори Алмаато ошкор кардаанд, ки дастгоҳҳои сабткунандаашон ғайб задаанд.

Ин таҷҳизоти сабткунанда дар рӯйи мизи судя Улан Есбергенов гузошта шуда буданд, аммо қозӣ аз хабарнигорон хоҳиш кард, ки аз толори додгоҳ берун шаванд, то ҷонибҳо тавонанд имкони созишро баррасӣ кунанд.

«Баъд аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ назди судя рафта, хостам дастгоҳи сабткунандаро бигирам. Вай гуфт, ки онҳоро дертар бармегардонад. Гуфтамаш, ки мо бояд зуд биравем, аммо вай ҳамчунон гуфт: «Баъд». Вақте ҳама толори додгоҳиро тарк карданд, мо ба котиби додгоҳ Диас занг задем. Вай хабар дод, ки на ӯ ва на судя намедонанд, ки дастгоҳҳои сабткунандаи мо куҷост. Мо дар толор кобидем, вале пайдо накардем», - гуфт хабарнигор Екатерина Тихонова.

Баъд аз ин намояндагони расонаҳо ба пулис муроҷиа карданд. Баъд аз омадани пулис судя Улан Есбергенов хабар дод, ки дастгоҳҳои сабткунандаро додситон гирифтааст. Дертар ошкор шуд, ки аз дастгоҳҳои сабткунандаи хабарнигорон ҳамаи садоҳо ҳазф карда шудаанд. Намояндагони се расона ба пулис ариза навишта, рафтори намояндагони ниҳоди назоратиро ҳамчун монеа ба иҷрои вазифаҳои касбии расонаҳо унвон карданд.

XS
SM
MD
LG