Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон чигуна мушакҳои зидди ҳавопаймо ба даст оварданд?


Пораҳое аз як ҳавопаймо, ки Толибон иддао доранд дар вилояти Пактико сарнагун кардаанд.
Пораҳое аз як ҳавопаймо, ки Толибон иддао доранд дар вилояти Пактико сарнагун кардаанд.

Шиддат гирифтани ҷангҳо дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон ин нигарониро ба бор овардааст, ки гӯё гурӯҳи Толибон мушакҳои зидди ҳавопаймо дар ихтиёр доранд.

Мақомоҳои вазорати дифои Афғонистон мегӯянд, ки пеш аз ин аслиҳаи зидди ҳавоӣ дар ихтиёри Толибон дида нашуда буд, аммо мумкин аст бархе аз қудраҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ихтиёри Толибони чунин аслиҳаро гузоштаанд. Давлати Вазирӣ, сухангӯи вазорати дифои Афғонистон рӯзи чаҳоршанбеи 21 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои нахустин бор чанде пеш як ҳавопаймои ҷангии амрикоӣ ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифт.

"Ин бори нахуст аст, ки чунин ҳодиса рух дод. Замоне, ки ҳавопаймо дар на чандон баландӣ парвоз мекунад, аз аслиҳаи гуногун метавонон онро ҳадаф қарор дод. Аммо чунин силоҳ, ки мушак ё рокетҳои зидди ҳавои бошанд, пеш аз ин дар миёни Толибон дида нашудааст. Ин ҷанги истихборотӣ аст. Дар пушти мухолифон дастҳои бузург қарор дорад, ки онҳоро сармоягузорӣ, тарбия ва таҷҳиз мекунанд ва силоҳ медиҳанд."

Вазорати дифои Амрико таъйид карда буд, ки дар моҳи ҷорӣ як ҳавопаймои ҷангии навъи F-16 дар вилояти Пактико ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва як бахши он вайрон шудааст.

Аз сӯи дигар, Толибон дар як паём ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки онҳо ин ҳавопаймои ҷангиро дар минтақаи Саид Карами вилояти Пактико бо он аслиҳа ҳадаф қарор доданд, ки тоза ба даст овардаанд ва пас аз он барои нишон гирифтани ҳавопаймоҳои нерӯҳои эътилоф истифода хоҳанд кард. Ин бори нахуст аст, ки як ҳавопаймои ҷангии навъи F-16, ки даҳҳо миллион доллар арзиш дорад, ҳадафи ҳамлаи Толибон қарор гирифтааст.

Ҳафтаи гузашта низ ду чархбол дар вилоятҳои Бомиён ва Лугар суқут карданд ва Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифтанд. Пеш аз ин як чархболи низомиёни амрикоӣ дар Саидободи Майдон Вардак мавриди ҳамлаи мушакии Толибон қарор гирифт, ки дар он 30 сарбози амрикоӣ, як тарҷумон ва ҳафт сарбози афғон кушта шуданд.

Ба гуфтаи бархе аз коршиносони масоили дифоӣ, бархе аз кишварҳо дар Толибонро пуштибонии молӣ мекунанд ва ба онҳо аслиҳа медиҳанд. Атиқуллоҳ Амархел, генерали пешини нерӯҳои ҳавоии Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мушакҳои пешрафтаи зидди ҳавопаймоҳоро бархе кишварҳои аврупоӣ, Русия ва Чин дар ихтиёр доранд ва эҳтимол дорад кадоме аз кишварҳои мухолифи Амрико ба Толибон ин мушакҳоро дода бошад.

Пеш аз ин гузоришҳо шуда буд, ки Толибон бо аслиҳаи пешрафта муҷаҳҳаз шудаанд ва ин гурӯҳро бархе аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тамвил ё сармоягузорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG