Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи ваколатномаи хариду фурӯши мошинҳо боло рафт


Парлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми октябр ба "Қонуни ҳаракат дар роҳ" тағйиру иловаҳо ворид кард. Бар пояи ин тағйир, мошинҳое, ки мӯҳлати шаҳодатномаи ронандагиашон гузашта бошад, на ба боздоштгоҳ, балки ба истгоҳҳои махсус бурда шуда ва то ҳал шудани масъалаи он, дар онҷо нигаҳдорӣ мешаванд. Қаблан дар ҳолати гузаштани муҳлати шаҳодатномаи ронандагӣ, мошинҳоро бо пардохти ҷарима раҳо мекарданд.

Бар пояи тағйиру иловаҳо ба "Қонуни ҳаракат дар роҳ", нархи ваколатномаҳои хариду фурӯши мошинҳо низ аз 80 сомонии қаблӣ то 600 сомонӣ баланд бардошта шудааст. Ҳадаф аз ин ислоҳот, коҳиши додани хариду фурӯши мошинҳо тариқи ваколатномаҳо гуфта шудааст.

XS
SM
MD
LG