Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар нишасти сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе ширкат хоҳад кард.
Ин хабарро дафтари матбуоти ҳукумати Русия тасдиқ карда ва дар торнамояш навишт, ки “Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе, ки ба таърихи 30 октябр сурат мегирад, ширкат хоҳад кард”.
Ба иттилои ин манбаъ, қарор аст, дар ин нишаст беш аз 30 масъалаи марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои ин созмон баҳсу баррасӣ шавад.
Ҳамчунин, сарони ҳукуматҳои ИДМ дар нишасти Душанбе, дар масоили тақвияти равобиту ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва башарӣ низ табодули назар хоҳанд кард.
Интизор меравад, дар ин нишаст, нақшаи иҷрои марҳалаи сеюми стратегияи тавсеаи иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 ба тасвиб бирасад.
Зимнан, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 29 май зимни ширкат ва суханронӣ дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Остона, пойтахти Қазоқистон, эълон карда буд, ки "нишасти ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ба таърихи 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад". Ҷаноби Расулзода, изҳори умедворӣ карда буд, ки нишасти Душанбе дар сатҳи баланд ва омодагии комил баргузор хоҳад шуд.
Ба ин тартиб, қарор аст, дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе, сарвазирони Русия, Белорус, Молдово, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат кунанд. Зимнан, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди шуравии пешин дар охири соли 1991 аз ҷумлаи кишварҳои собиқи ин иттиҳод ташкил шуд. Тоҷикистон аз соли 1992 бад ин сӯ узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.