Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти тоҷике бо пироҳани варзишии бо рамзи ДИИШ


Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муҳоҷири тоҷике, ки дар бар либоси варзишии (футболка) бо рамзи “Давлати исломӣ” дошт, боздошт шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, кормандони ниҳодҳои интизомии Санкт-Петербург ин шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистонро, ки дар яке аз кафеҳои бозори фурӯши автомобилҳои ин шаҳр ошпазӣ мекард, барои доштани рамзи парчами сиёҳи ДИИШ дар либосаш дастгир кардаанд.

Додгоҳи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург ин муҳоҷири тоҷикро барои “таблиғи рамзи созмони мамнӯъ дар Русия” ба муддати 5 рӯз маҳкум ба ҳабс кардааст.

Гуфта мешавад, ин ҷавон тавонистааст дар маҳкумият рамзи парчами сиёҳи ДИИШ-ро бо дандон аз либоси варзишии худ поксозӣ кунад.

Аз моҳи июни соли гузашта дар Русия фурӯши либосҳо бо рамзҳои “Давлати исломӣ”, Ҷунбиши Толибон ва созмони “Бародарони мусалмон” мамнӯъ шудааст. Аз моҳи августи соли 2014 ҷонибдорони ДИИШ дар Австрия тавассути шабакаи иҷтимоии “Facebook” фурӯши молҳоеро бо рамзҳои “Давлати исломӣ” роҳандозӣ карда буданд.

XS
SM
MD
LG