Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун аз Исроилу Фаластин боздид мекунад


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун

Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ 20 октябр аз қаламравҳои Исроилу Фаластин боздид мекунад. Ин боздиди ғайриинтизор аст ва дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ин минтақаҳо шумораи кушташудагон дар ҳол афзоиш аст.

Риёд Маликӣ-вазири корҳои хориҷаи Фаластин гуфт, ки Бан Ки Мун бо раҳбарони ҳар ду кишвар мулоқот мекунад, вале дар бораи ҷузъиёти мавзӯи мулоқотҳо тафсилот надод.

Қабл аз оғози боздид дар як паёми видеоӣ Бан Ки Мун ҳар ду ҷонибро ба оромӣ даъват кард. Бан Ки Мун гуфт, ки нигарониҳои Фаластинро дарк мекунад, вале хушунат ба иҷрои хостҳои қонунии онҳо халал мерасонад.

Дабири Кулли СММ хитоб ба Исроил гуфт, ки нигарониҳои амниятии ин кишварро мефаҳмад, вале дар чунин вазъ роҳи ҳалии низомӣ вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG