Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин машқҳои НАТО дар 13 соли охир оғоз мешавад


Александр Вершбоу
Александр Вершбоу

Паймони НАТО дар 13 соли охир бузургтарин машқҳои низомии худро бо ширкати 36 ҳазор нафар баргузор мекунад. Дар он нируҳои бештар аз 30 кишвар ширкат хоҳанд дошт.

Александр Вершбоу-муовини Дабири кулли НАТО гуфт, машқҳои Душохаи Trident нишон хоҳад дод, ки НАТО метавонад бо ҳар чиз, яъне аз машғулиятҳои низомӣ то техникаи ҷангиву таблиғоти ҷангӣ дасту панҷа нарм кунад.

Вершбоу ин суханонро дар маросими гушоиши шаҳри Трапании Ситсилия 19 октябр изҳор дошт. Вершбоу гуфт, ки вазъи геополитикии ҷаҳон нисбат ба машқҳои гузаштаи бузурги НАТО дар давраи Ҷанги Сард ҳоло то андозае ноором аст.

Вай гуфт, ин вазъ ба пайвастани Қрим ба Русия, ҳимоят аз ҷудоихоҳон ва ҳамчунин ворид шудани гурӯҳҳои террористӣ ба Сурияву Либия иртибот дорад.

Ин амалиёт дар Трапанӣ 21 октябр шуруъ мешавад ва то аввали моҳи ноябр давом мекунад ва то ба соҳилҳои обии Испанияву Португалия мерасад.

XS
SM
MD
LG