Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, созишномаи ҳастаиро иҷро мекунад


Аббос Арақчӣ
Аббос Арақчӣ

Аббос Арақчӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон мегӯяд, вай интизор аст, ки созишномаи ҳастаӣ бо шаш қудрати ҷаҳонӣ то охири соли ҷорӣ иҷро шавад. Вай ин нуктаро 19 октябр дар Вена баъд аз музокирот бо намояндагони баландпояи Амрикову Русия, Чину Британия ва Олмон изҳор дошт.

Ин кишварҳо моҳи июл дар музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон ба тавофуқ расида буданд. Бар асоси ин созишнома Эрон бояд барномаҳои ҳастии худро маҳдуд кунад.

18 октябр Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ гуфтанд, ки таҳримҳои зидди Эронро мебардоранд, агар ин кишвар шарту шароити созишномаро иҷро кунад, яъне шумораи сентрифугҳои худро барои ғанисозии уран коҳиш диҳад ва корҳои дигари марбут ба маҳдудияти барномаҳои ҳастаиро ба сомон расонад.

Арақчӣ мегӯяд, ки дар рӯзҳои оянда ин кор анҷом мегирад ва ҳоло корҳои омодагӣ ба он идома дорад.

XS
SM
MD
LG