Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Қирғизистонро ВКД баррасӣ мекунад


Милитсия ба зидди сохтакории аризаҳои хуруҷи номзадҳо аз рӯйхати ҳизби “Республика -Ата-Журт” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД ин кишвар хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ дар асоси аризаи Аида Исмоилова, ки низ аз ин рӯйхат ихроҷ шудааст, боз мешавад. Ба гуфтаи аризадиҳанда, касе аз номи вай дар бораи бозхондани номзадиаш аз рӯйхати ҳизби “Республика -Ата-Журт” ариза навиштааст. Комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсӣ дар асоси ин ариза номзадии ӯро аз рӯйхат баровардааст. Худи Исмоилова мегӯяд, ҳаргиз чунин аризае нанавиштааст.

Зикр мешавад, ки парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи “Тақаллуб, сохтакорӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, мӯҳр ва санадҳо” боз шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқот баргузории санҷишҳо дар назар аст.

Бояд гуфт, ки Аида Исмоилова ва боз 70 нафар номзади дигар аз рӯйхати ҳизбӣ хориҷ шуда ва аз ҳаққи соҳиб шудани курсии порлумон маҳрум гаштаанд. Чунин тасмимро КМИ дар асоси аризаҳои шахсии онҳо гирифтааст.

Аммо 8 номзад ба додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек муроҷиат карда, хостори бекор кардани қарори Комиссияи марказии интихоботӣ шуданд. 18 октябр додгоҳи ноҳиявӣ ин аризаро баррасӣ карда, тасмими КМИ-ро қонунӣ донист.

Ҳамакнун номзадҳои норозӣ аз ихроҷшавии худ аз ин рӯйхат мехоҳанд ба Додгоҳи олии кишвар муроҷиат кунанд. Дар оғози маъракаи интихоботӣ номзадҳои ин ҳизб қасам ёд карда буданд, ки агар миқдори зарурии овозҳоро ба даст наоваранд, ихтиёран аз ин рӯйхат ихроҷ мешаванд. “Республика -Ата-Журт” дар ин интихобот соҳиби 28 курсӣ дар порлумон шуд.

XS
SM
MD
LG