Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопониҳо бозии "Истиқлол" - "Ҷоҳор Дарул Такзим"-ро доварӣ мекунанд


Довар Тоҷо Минору
Довар Тоҷо Минору

Доварони бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия аз Ҷопон мебошанд.

Доварони бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия аз Ҷопон мебошанд.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзияро, ки рӯзи 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, ҳакамон аз Ҷопон доварӣ мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, довари ФИФА Тоҷо Миноруи 39-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳамватанони ӯ, ёварони довари ФИФА – Наги Тошиюкии 44-сола ва Очи Синдзии 40-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Довари ФИФА Ииду Юмпеи 34-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Хонӣ Толиб Сафар аз Қатар нозири доварон ва Йен Мун Чун аз Ҳонконг комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Маблағи ҷавоизи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) - мусобиқаи аз рӯи моҳият дуввуми бошгоҳии Осиё - 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба дастаи финалист 250 ҳазор доллар супурда мешавад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 19 октябр, дар торнамои худ хабар додааст.

Ёдовар мешавем, Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯзи 16 октябр Ассотсиатсияи футболи Кувайтро аз ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ хориҷ кардааст. Сабаби хориҷ шудани ин созмон дахолати ҳукумати Кувайт ба корҳои ташкилоти варзишӣ мебошад.

Ба иллати хориҷ шудани дастаҳои миллии Кувайт, бошгоҳҳои ин кишвар наметавонанд дар мусобиқоте, ки таҳти сарпарастии Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё доир мешаванд, ширкат варзанд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми AFC-2015, ки дар назар буд дар онҳо рӯзҳои 20-21 октябр дастаҳои «Ҷоҳор Дарул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) — КВ «Кувайт» (Кувайт) рақобат кунанд, лағв шуданд.

Ба ин тартиб, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон - «Истиқлол»- и Душанбе ва «Ҷоҳор Дарул Такзим» пешакӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми AFC роҳ ёфтанд. Бозии ҳалкунанда 31 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG