Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳосилот” пешсафи мусобиқаи лигаи аввал шуд


Дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон пешсаф шуд.

Дар мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баъди натиҷагирии бозиҳои се даври навбатӣ пешсаф иваз шуд. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди он ки Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, мураббии маъруфу серунвонтарини тоҷик, сармураббии “Ҳосилот”-и Фархор таъин гардид, ин даста талхии бохтро начашидааст.

“Ҳосилот” баъди се ғалабаи паиҳам дар даврҳои 17-19-ум бар дастаҳои “Канд”-и Конибодом (1-0), “Ҳулбук”-и Восеъ (3-0, натиҷаи фаннӣ) ва “Зарафшон”-и Панҷакент (1-0) дар ҷадвали мусобиқа бо 38 имтиёз ба ҷои аввал баромад. “Ҳулбук” низ 38 имтиёз дорад, вале «Ҳосилот» як бозӣ камтар кардааст. Инчунин шумораи ғалабаи футболбозони Фархор нисбат ба бозигарони Восеъ якто зиёд ва таносуби тӯбҳояшон низ беҳтар аст. Бинобар ин, “Ҳулбук” ба ҷои дувум фуромад.

Дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд бо 37 имтиёз дар ҷои севум аст. Дарвоқеъ, таносуби тӯбҳои “Эсхата” беҳтарин мебошад (54-24). Дар байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин, “Панҷшер”-и Румӣ бо 36 имтиёз ва “Саройкамар”-и Панҷ бо 35 имтиёз ҷойгир шудаанд. Мубориза барои ҷойҳои ифтихорӣ, медалҳои мусобиқа ва роҳхатҳо ба лигаи олӣ байни панҷ дастаи пешсаф авҷ хоҳад гирифт.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон

Даври 17-ум

«Канд» — «Ҳосилот» — 0:1

«Ҳулбук» — «Эсхата» — 2:2

«Зарафшон» — МТО — 0:1

«Чашма» — «Саройкамар» — 2:8

«Кӯктош» — «Исфара» — 4:1

«Панҷшер» — «Помир» — 3:1

Даври 18-ум

«Исфара» — «Панҷшер» — 1:1

«Саройкамар» — «Кӯктош» — 1:0

«Эсхата» — «Зарафшон» — 2:2

«Ҳосилот» — «Ҳулбук» — 3:0 (натиҷаи фаннӣ)

«Локомотив» — «Канд» — 1:0

Даври 19-ум

«Ҳулбук» — «Локомотив» — 7:0

«Зарафшон» — «Ҳосилот» — 0:1

«Чашма» — «Эсхата» — 0:1

«Панҷшер» — «Саройкамар» — 0:0

«Помир» — «Исфара» — 4:5

«Помир» — «Исфара» — 4:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

17

12

2

3

31-14

38

2

«Ҳулбук» (Восеъ)

18

11

5

2

34-19

38

3

«Эсхата» (Хуҷанд)

18

11

4

3

54-24

37

4

«Панҷшер» (Румӣ)

17

10

6

1

34-11

36

5

«Саройкамар» (Панҷ)

18

11

2

5

44-15

35

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

16

9

4

3

41-24

31

7

«Исфара» (Исфара)

18

8

2

8

35-33

26

8

«Чашма» (Шаҳритус)

17

6

1

10

28-43

19

9

«Помир» (Душанбе)

16

5

2

9

26-32

17

10

«Локомотив» (Душанбе)

17

5

1

11

19-43

16

11

«Зарафшон» (Панҷакент)

17

2

3

12

15-33

9

12

«Канд» (Конибодом)

17

3

0

14

22-47

9

13

МТО (Хуҷанд)

16

2

0

14

23-68

6

XS
SM
MD
LG