Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати нави ду бозии даври 15-уми Лигаи олӣ


Ду бозии даври 15-уми Лигаи олӣ байни дастаҳои «Парвоз» - «Барқи тоҷик» ва «Хуҷанд» - «Равшан» ба муҳлати дигар гузаронида шуд.

Бо қарори Бюрои кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ду бозии даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лига олӣ - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Барқи тоҷик» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Равшан» (Кӯлоб) ба муҳлати дигар гузаронида шуд. Бозии «Парвоз» - «Барқи тоҷик» аз 17 октябр ба 23 октябр ва бозии «Хуҷанд» - «Равшан» аз 18 октябр ба 24 октябр гузаронида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки пештар боз як бозии даври 15-уми мусобиқа миёни ду дастаи Душанбе - «Истиқлол» - ССКА «Памир» - ба муҳлати дертар мавқуф гузошта шуда буд.

Ба ин тартиб, рӯзи шанбеи 17 октябр ду бозии даври 15-ум баргузор мешавад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бо «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан ва «Хайр»-и Ваҳдат бо “Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат мекунанд. Ҳарду бозӣ соати 15:00 шурӯъ мешавад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

12

1

0

49-2

37

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

10

3

1

28-10

33

3

«Равшан» (Кӯлоб)

13

8

2

3

30-22

26

4

«Хайр» (Ваҳдат)

14

7

3

4

18-23

24

5

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

6

5

2

19-10

23

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

6

2

6

10-14

20

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

14

3

3

8

15-24

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

14

2

2

10

10-24

8

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

13

1

4

8

4-25

7

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

14

0

1

13

3-32

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 тӯб, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА “Помир”) – 5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG