Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина узви Шӯрои Амният мешавад


Интизор меравад, ки Украина рӯзи 15-уми октябр яке аз аъзои ғайридоимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал интихоб шавад ва қавл додааст, ки дар баробари Русия узви доимии шӯро истодагарӣ мекунад. Украина ҳамчун номзад аз Шарқи Аврупо пешниҳод шудааст ва ба узвияти он касе мухолифат надоранд. Украина гуфтааст, ки дар Шӯрои Амният барои сулҳу амният дар ҷаҳон талош мекунад ва ҳамсояи қудратмандаш Русияро ба чолиш мекашад. Павло Климкин, вазири умури хориҷии Украина, ки ба Ню Йорк сафар кардааст, гуфт, лаҳни кишвараш бо Русия “оштиҷӯёна” нахоҳад буд. Ба гуфтаи вай, “Бори аввал аст, ки вазъи комилан нодир ва тасаввурнопазир ба вуҷуд омадааст, яъне як узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба Украина таҷовуз кардааст ва алайҳи Украина ҷанги чандтарафа мебарад. “ Ба гуфтаи ӯ, Украина пешбинӣ мекунад, ки дар ниҳоят ҳаққи вето дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз байн меравад. Чунин ҳақро фақат панҷ узви доимӣ, яъне Русия, Бритониё, Чину Фаронса ва Амрико доранд.

XS
SM
MD
LG