13 октябр Эш Картер-вазири дифои Амрико гуфт, кишвараш интизор аст, ки ба зудӣ дар бораи амнияти ҳарими ҳавоии Сурия бо Русия протоколе ба имзо бирасад.
Пайвастани Русия ба ҷанги дохилии Сурия нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки имкони ғайричашмдошт рух додани ҳодисаҳое байни ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ва Амрико вуҷуд дорад. Имкони чунин бархурдҳо то ҳол даҳҳо бор пеш омадааст.
Амрико гуфтааст, ки дар амалиёти ҳавоии худ бар зидди Давлати Исломӣ ва ё дар ҳамкорӣ барои доду гирифти маълумоти кашф бо Маскав тағирот ворид нахоҳад кард, бо вуҷуди он ки Русия аз президент Башор Асад ҳимоят мекунад.
Аммо вазорати дифои Амрико розист, ки бо Маскав роҷеъ ба амнияти ҳавоӣ ва ҳифзи шабакаи бози доду гирифти маълумот ҳамкорӣ кунад.
Картер гуфт, “ҳатто, агар мо бо сиёсати Сурия розӣ нестем, мо бояд ба тавофуқ расем, ки амнияти халабонони мо тибқи имкон таъмин бошад”.Ба гуфтаи Картер, пешниҳоди Амрико ин аст, ки ҳавопаймоҳои Амрико ва Русия аз ҳамдигар дар масофаи амн парвоз кунанд ва фриконсҳои муштаракро ба кор баранд.