Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тилои сафед" дар кафи пуробилаи зан


Заҳмати сангини пахтачинҳои тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Занони пахтачини Тоҷикистон дар ивази 12 соати корӣ зери офтоби сӯзон дар як рӯз ҳамагӣ аз 6 то 7 доллар ҳақмузд мегиранду бас. Фирӯза Саидова -- сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон яке аз чунин пахтачинҳост, ки дар як рӯз сад кило "тилои сафед" ҷамъоварӣ мекунад, аммо мегӯяд, меҳнаташ ба ҳадди лозим қадрдонӣ намешавад.

"Кор вазнин аст. Соати шаши субҳ барои пахтачинӣ ба саҳро мебароям ва соати шаши бегоҳ ба хона бармегардам," -- нақл кард ӯ ва афзуд, "зарур меояд, тамоми рӯз кор кунем. Тахтапуштам дард меуканд. Дастҳо низ хаста мешаванд."

Вале маблағе, ки дар ивази ин кори сангин ба даст меояд, ба қавли Фирӯза Саидова, танҳо барои харидории чизҳои муҳим барои оила, аз ҷумла равғану орд ва либосу пойафзоли кӯдакон сарф мешавад. "Ба ҳар навъе бояд кор кард. Панҷ фарзанди хурдсол дорам ва кори дигар ҳам несту чораи дигар ҳам," – шиква кард ӯ.

Аммо на ҳама барои пулёбӣ ба саҳрои пахта меоянд. Бархе дар ивази кори кардаашон аз моликони замини пахтакорӣ ғӯзапоя дарёфт мекунанд, ки аслан барои тасфондани танӯри нонпазӣ ва баъзан дар фасли зимистон дар ивази ҳезум барои гарм кардани хонаҳо истифода мешавад. "Мо, ки тақрибан ҳар рӯз нон мепазем, ғӯзапоя бисёр муҳим аст," -- мегӯяд мусоҳиби мо Шарифа.

Амалан дар майдони пахта мардҳо кам дида мешаванд, ё аслан дида намешаванд. Бисёре аз мардони тоҷик барои дарёфти рисқу рӯзӣ худро барои кор ба Русия задаанд ва онҳо баъд аз мавсими ҷамъоварии пахта дар охирҳои фасли тирамоҳ ба Ватан бармегарданд. Барои ҷамъоварии пахта ба занон бештар кӯдакон ёрӣ медиҳанд. Аммо ҳамаи модарон муваззаф шудаанд, ки фарзандонашонро ба саҳрои пахта баъд аз анҷоми дарси онҳо даъват кунанд.

Назира, сокини дигари ноҳияи Ёвон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба ӯ духтари калониаш ёрӣ медиҳад, ки ба синни даҳ қадам гузоштааст. "Вай асосан баъд аз адои дарсаш ба саҳро меояд. Духтари дувумам низ калон мешавад ва дар оянда ӯ ҳам ёрӣ хоҳад дод," – илова кард Назира.

Сол то сол парвариши пахта дар Тоҷикистон камтар мешавад. Танҳо дар чаҳор соли охир масоҳати кишти пахта дар кишвар 15 дарсад ё ба ҳисоби 180 ҳазор гектар кам шудааст. Кишоварзони тоҷик мегӯянд, ки нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ рӯ ба поёншавӣ ниҳодааст ва мисли солҳои пешин барояшон фоида намеорад.

Ойгул Сафарова, соҳиби майдони пахтапарварӣ мегӯяд, пештар барои ҳар як сентнер пахтаи ҷамъовардааш 5 доллар мегирифт. Ҳоло ин қимат ба се доллар баробар шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилҳо, пахта дар баробари алюминиюм яке аз маҳсулоти содиротии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG