Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Кӯлоб қочоқчии афғонро 16 сол зиндон кард


Додгоҳи минтақаи Кӯлоб Ҳакимуллоҳ валади Иброҳимро барои хариду фурӯши ҳероин барои 16 сол равонаи зиндон кардааст. Масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб рӯзи сешанбеи 13 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додгоҳ шаҳрванди Афғонистон Ҳакимуллоҳ валади Иброҳимро ба моддаи 200 қисми 3, яъне “даст задан ба миқдори зиёди маводи мухаддир” муҷрим шинохта ва ба ӯ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати 16 сол таъин намуд. Ба гуфтаи масъулони додгоҳи минтақаи Кӯлоб, ҳукм нисбати Ҳакимуллоҳ валади Иброҳим ду ҳафта қабл содир шудааст.

Моҳи июни соли ҷорӣ кормандони Оҷонсии маводи мухаддири минтақаи Кӯлоб аз боздоштӣ як шаҳрванди Афғонистон дар Кӯлоб хабар дода буданд. Хушнуд Раҳматуллое сухангӯи оҷонсӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфта буд, ки ин шаҳрванди афғон дар яке аз маҳаллаҳои Кӯлоб як хонаро иҷора гирифта, ба фурӯши маводи мухаддир даст доштааст. Ӯ гуфта буд, ки аз хонаи иҷораи ин афғон ҳудуди 40 кило маводи ҳероин бозёфт ва гирифта шуд.

Алиҷон, як сокини кӯчаи Худоёр Назарови шаҳри Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин марди афғон чанд моҳи пеш ба Кӯлоб омада, ин хонаро ба иҷора гирифта буд. Ба гуфтаи ҷаноби Алиҷон, ба хонаи ин мард бегоҳ танҳо ду се нафар меомаданду бас. Ӯ мегӯяд, ки яку якбора одамон нопадид шуданд ва ӯро низ кормандони оҷонсии зидди маводи мухаддир дастгир карданд.

XS
SM
MD
LG