Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Бузургмеҳр Ёров бетағйир монд


Бузургмеҳр Ёров.
Бузургмеҳр Ёров.

Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи вакили мудофеи боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров алайҳи қарори додгоҳи Исмоили Сомонӣ дар мавриди ҳабси думоҳаро баррасӣ кард ва онро бетағйир гузошт. Ҷамшед Ёров вакили мудофеъ рӯзи 12 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи Бузургмеҳр Ёровро рӯзи ҷумъа баррасӣ кард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ чанде қабл бо қарори худ ҳукми думоҳаи ҳабси пешакии Бузургмеҳр Ёровро содир карда буд.

Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров, вакилони мудофеъ ба нишони он, ки Бузургмеҳр метавонад бо қарори берун нарафтан аз манзили зист дар назди хонаводааш бимонад, аз додгоҳ дархост карданд, то дар ин ҳукми худ таҷдиди назар намояд. Бузургмеҳр Ёров ҳанӯз рӯзи 6-уми октябр ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ барои бознигарии ин ҳукм, аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда буд.

Бузургмеҳр Ёров ва гурӯҳе аз вакилони дифоъ пас аз боздошти густурдаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, барои ҳимояи ҳуқуқӣ аз онҳо, Кумитаи дифоъ аз боздоштшудаҳоро созмон доданд. Ӯ рӯзи 28-уми сентябр аз сӯи маъмурони пулис боздошт шуд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ӯро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" айбдор кард ва алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

XS
SM
MD
LG