Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як бомбаи Русия ба самти Сурия чӣ қадар қимат дорад?


Баъд аз изҳороти Дабири кулли НАТО дар бораи аз сӯи Маскав истифода шудани силоҳи навтарин дар ҷанги Сурия, ҳоло ин суол мечархад, ки аз буҷаи Русия барои иштирок дар ин низоъ чӣ қадар пул сарф мешавад?

"Аз истифодаи силоҳи навтарин ва мушакҳо дар амалиёти низомӣ дар Сурия нигарон ҳастем," -- гуфт Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ба хабарнигорон. Ин изҳороти Столтенберг баъд аз анҷоми нишасти Шӯрои НАТО бо ҳузури вазирони дифои кишварҳои узв рӯзи 8 октябр дар Брюссел садо дод.

Ҳоло маълум нест, гап сари кадом силоҳи навтарин меравад, аммо хабарнигорон дар ҷустуҷӯи посух ба суоле шуданд, ки баҳои ширкати Русия дар амалиёти низомӣ дар Сурия чӣ қадар аст?

"Танҳо барои ҳамлаи мушакӣ ба мавқеъҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" (ДИИШ) дар ғарби Сурия аз киштиҳои низомӣ аз баҳри Хазар аз хазинаи Русия садҳо миллион рубл сарф шудааст," -- навиштааст нашрияи "Ведомости"-и чопи Маскав баъд аз як пажуҳиш.

Хабарнигорон ҳисоб кардаанд, ки дар ин ҳамла ба Сурия рӯзи 7 октябр, дар зодрӯзи раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин, 26 мушаки 3М14 истифода шудааст, ки қимати онҳо аз 500 миллион то 1 миллиард рубл, яъне аз 8 то 16 миллион доллар аст. Ба навиштаи рӯзнома, зарбаи мушакӣ намоиш дод, ки Маскав "дасти дароз" дорад ва бо ин мушакҳо аз қаламраваш ба ҳар гӯшаи олам зарба занад. Муаллифон мегӯянд, амалиёти низомии Русия нақшаи нерӯҳои Амрико ва НАТО барои таъсиси "минтақаи бидуни парвоз" дар ҳарими ҳавоии Сурияро ба ҳам зад.

Бино ба иттилои сомонаи интернетии Newsru.com, дигар коршиносон ҳисоб карданд, ки ҳамарӯза барои амалиёти Русия дар Сурия садҳо ҳазор доллар сарф мешавад. Иқтисоддон Василий Кашин аз Маркази таҳлили стратегия ва фановариҳо ба бахши русии Би-би-сӣ гуфтааст, айни ҳол дар Сурия 2 ҳазор низомии рус ва 50 ҳавопаймову чархболи ҳарбӣ ҷойгир шудаанд. Коршинос мушаххас кардааст, ки дар амалиёт 34 ҳавопаймои ҷангии русӣ ширкат доранд ва онҳо дар як шабонарӯз то 20 бор ба мавқеъҳои ситезаҷӯён ҳамла мекунанд.

Қимати ҳар соати парвоз маълум нест, аммо Василий Кашин ҳадс задааст, ки ҳар парвоз шояд 5-6 ҳазор доллар нарх дошта бошад. Дар он сурат барои ҳар рӯзи ҳузури низомиёни Русия дар Сурия бояд аз буҷаи он кишвар садҳо ҳазор доллар сарф шавад. Агар теъдоди низомиёну ҳавопаймоҳои низомӣ кам нашавад, пас баҳои ҷанг дар Сурия барои хазинаи Русия – аз садҳо миллион то як миллиард доллар хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол сиёсатмадорону сиёсатшиносони ғарбӣ мутмаинанд, ки ин маблағ на барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ”, тавре Маскав иддао дорад, балки барои ҳимояти режими раис иҷумҳури Сурия Башор Асад сарф мешавад.

Рӯзномаи The Wall Street Journal менависад, нишасти Шӯрои НАТО дар Брюссел аз баррасии он мавзӯъ шурӯъ шуд, ки зарбаҳои ҳавопаймоҳои низомии Русия бо амалиёти заминии нерӯҳои Башор Асад ҳамоҳанг шудааст. Ба иттилои вазири дифои Амрико Эштон Картер ва сухангӯи Вазорати умури хориҷиии ин кишвар Ҷон Кирбӣ, 90 дарсади бомбу мушакҳои русӣ на дар мавқеъҳои ситезаҷӯёни ДИИШ, балки дар қароргоҳҳои мухолифини режими Башор Асад, аз ҷумла, Артиши озодихоҳи Сурия метарканд.

Аҳмад Довудоғлу, нахуствазири Туркия ҳам дар як сӯҳбати телевизионӣ рӯзи 7 октябр гуфт, аз 57 зарбае, ки ҳавопаймоҳои русӣ дар Сурия задаанд, фақат дутояш ба мавқеи гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд.

Дар ҳамин ҳол, ахиран масрафоти низомии Русия афзоиш ёфтанд ва мақомот билофосила эълом доштанд, ки ин тасмим бо ширкати Маскав дар ҷанги Сурия рабте надорад. Рӯзи 8 октябр дар ҷаласаи ҳукумати Русия қарор шуд, ки касри нақшавии буҷа дар соли 2016 аз 2,8 дарсади даромади нохолиси миллӣ ё ВВП то 3 дарсади ВВП афзоиш дода шавад. Вазири молияи Русия рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки бар асари афзоиши хароҷоти низомӣ касри буҷа на 2,18 триллион, балки 2,36 триллион рублро ташкил хоҳад дод.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки пуштибонӣ аз Башор Асад иқтисоди бе ин ҳам бар асари таҳримҳои Ғарб касодшудаи Русияро касодтар хоҳад кард. Вале Маскав чунин иддаоро қабул надорад ва зоҳиран бар пояи мақоли "сар равад ҳам, сир наравад" кор мекунад.

XS
SM
MD
LG